Бахшҳо

Масъули Оҷонсӣ: Аз кирдорҳое, ки шаъну шарафи хизматчиёни давлатиро паст мезанад, худдорӣ намоед

Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар як нишасти муштарак дар Душанбе масоили ҷилавгирӣ аз зуҳуроти коррупсиониро ба баррасӣ гирифтаанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳадафи ин нишастро, ки 12 май баргузор шуд, “амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон” мегӯяд.

Ба иттилои манбаъ, Абдукарим Маҷидӣ, сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Оҷонсӣ дар бораи моҳияти қабули Стратегияи зиддикорупсионӣ иттилоъ дода, афзудааст, аз ҷониби Агентӣ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, ин масъули Оҷонсии мубориза бо коррупсия ҳамзамон даъват намудааст, ки “аз ҳама намуд кирдорҳое, ки сабаби бавуҷуд омадани зуҳуроти коррупсионӣ мешавад ва шаъну шарафи хизматчиёни давлатиро паст менамоянд, худдорӣ намоянд”.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ дар навбати худ иброз доштааст, ки бар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи кормандони соҳа, балки вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватан аст.

Таъкидҳо барои муборизаи беамон бо коррупсия дар ҳолест, ки тайи ду ҳафтаи ахир дар бораи боздошти чанд масъули собиқ ва амалкунандаи Оҷонсии зиддифасод хабарҳо мерасад. Бар асоси хабарҳои нашршуда, миёни боздоштшудаҳо Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси агентӣ ва Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони ин ниҳод ҳастанд.
Мӯҳр
Хофизи Шерози
Воизон, ки чилва дар мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд
Мушкиле дорам, зи донишманди мачлис бозпурс;
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Мулора ба гуфташ куну ба кардаш не. Ин мардум худ мегуянду боз ба корупция худи онхо аввалин шуда даст мезананд. Вокияхои охир нишон дод. Мо инро медонистем аммо илоч надоштем.- Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Sogian
Мухтарам кормандони очонси ва тамоми макомоти хифзи хукук - аз ононе, ки содиканду поканд во вичдону имон доранд каблан маъзарат мехохам. Аммо нисбати касоне, ки дар ин макомот кормандони хеле ва хеле зиёдеро медонаму мебинам, ки дар назди викору гурури эшон хич нафаре токати мукобалаву киёсро надорад, на факат бо биниашон, балки бо зери манахашон осмонхоро мехарошанд, барои онон аслан дигарон вучуд надоранд, онхо хакки мутлаканду фаришта эшонро бубинад шарм мекунад. Вале дар асл чун аз фитраташон ва зохиру ботинашон дакикан мешиноси, ки пашизе нестанд, шарму хаё, имон, инсоф, худотарси ва некукори ва риояи адлу адолат аслан дар фитраташон нест. Ба замми ин саводи казои хам надорад, аз ахлоку адаб ва аз одоби муошарат фарсаххо дуранд, хатто ба назар чунин менамояд, ки тоифаи басо хам душвортарбияанд. Ин нуктахоро барои он менависам, ки дар вохури бо хайати гурухи Истомбул оид ба мубориза алайхи фасод чанд замоне ширкад доштам. Чун ба толор бо карру фар ворид мешаванд, фикр мекуни, ки мабодо аз тарафи мо иштибохе ва ё шаккокие аз мо сар назанад, аммо чун наздиктар мебини, аз таассуф намедони чи гуи ва чи бияндеши. Пас аз он ки ин вохури бо тантана дар Точикистон дар санаи 2 апрели соли 2017 ба анчом расид ва макомот собит карданд, ки чанобонашон тимсоли адлу поки дар Точикистон хастанд, чунин як хаводиси нанговару шармовар сар зад. Мухтарам кормандони макомоти хифзи хукуку адолат, мутмаинам, ки дар миёни шумо покон кам нестанд, вале чаро хамон ашхоси бовичдон дар коргоххои худ ин фасодкориву ин шикасти адолатро мебинед ва дарк мекунед, ором хастед, чаро дасти онхоро намедоред. Чаро??? Шояд мегуед - зурамон намерасад, ё ба як ду кас хич коре карда намешавад, ё мегуед, ки об аз боло лой аст, пас чаро дар ин гуна чой кор мекунед???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)