Зуҳуров: Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи Чинро қадр мекунад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, миёни шарикони муҳими тиҷоратии кишвар, Чин ҳамоно дар мақоми аввал қарор дорад.
Раиси палатаи поёнии парлумон ин нуктаро имрӯз, 15 май дар мулоқот бо ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Чин иброз доштааст. Ин ҳайат таҳти роҳбари Пан Юнхе дар Душанбе қарор дорад.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар ин дидор ҳамчунин гуфтааст, ҳоло Чин дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори бузург ба шумор меравад. Ба қавли раиси ӯ, “Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи ҳукумати Чинро дар заминаи тақвият ва инкишофи иқтисоди миллӣ қадр мекунад. Дар доираи манфиатҳои кишвар ва мардумони ҳарду ҷониб мо корҳои зиёди муштаракро бо ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Хитой ба роҳ мондаем”.
Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро идома дода, барои ин фазои мусоиди сармоягузориро ҷонибдорӣ ва таъмин менамоем. Номбурда қайд намудааст, ки дар ин замина ташаббусҳои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Чин ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳем кард. Раиси Маҷлиси намояндагон иброз доштааст, бо назардошти он ки мубодилаи тиҷоратии дуҷониба соли гузашта дар натиҷаи равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба андозаи 30% коҳиш ёфт, омода ҳастем барои дар соли 2020 то 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид намудааст, “амалӣ шудани Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ оид ба сохта ва ба истифода додани хатти лӯлаи гази “Туркманистон-Хитой”-ро бесаброна интизорем. Шакке нест, ки дар наздиктарин айём ва дар оянда дурнамои ҳамкориҳо боз ҳам бештар инкишоф меёбанд ва муносиботи ҳамсоягӣ, дӯстии абадӣ, ҳамкории мутақобилаи стратегӣ нишонаи олии онҳо хоҳад буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |