Мақомҳои нави генерал Азизов ва полковник Абдуллозода
Генерал Абдуғаффор Азизов, ки давоми 6 соли охир намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия, ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд, аз мақомаш барканор шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дар бораи барканории генерал Азизовро охири моҳи апрел имзо намуда, ба ҷои ӯ полковник Абдуллозода Шамсулло Файзуллоро намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ генерал майор Абдуғаффор Азизов, директори бюрои “Интерпол” дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Таъини полковник Абдуллозода, собиқ корманди раёсти умури дохилии Хатлон ба мақоми намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва хатарнок дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, ахиран террористсозӣ аз тоҷикон, махсусан дар қаламрави Русия афзоиш ёфтааст. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, маъмурини мақомоти умури дохилӣ ва амнияти федералӣ дар бисёри ҳолатҳо барои намоиши натиҷаҳои хуби хидматӣ тариқи саҳнасозию сохтакорӣ муҳоҷирони тоҷикро дар ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм гунаҳкор мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |