Барканории мансабдорон барои нақзи қонуни танзим ва масъулияти волидон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, барои зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастию намоишкорӣ аллакай чанд мансабдорро аз мақом барканор кардааст ва ҳушдор додааст, ки назорати ин масъала ҷиддӣ хоҳад шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 13-уми май дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Хатлон аз риоя нашудани қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ кардааст: “Ҳарчанд, ки ин қонунҳо, пеш аз ҳама, ба хотири ҳимояи манфиатҳои мардум, беҳтар намудани вазъи зиндагии оилаҳо ва таъмини осоишу оромии ҷомеа қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон, инчунин, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи фарзандон ва хешу табори наздики онҳо зиёд ба назар мерасад”.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, “ман супориши қатъӣ додам, ки мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки муқаррароти қонунро риоя намекунанд ё фарзандонашон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, аз ҷумла ба муассисаҳои таълимӣ бо мошини шахсӣ мераванд ё қоидаҳои ҳаракатро дар роҳҳо вайрон менамоянд, аз вазифа озод карда мешаванд”.
Раисиҷумҳур зикр кардааст, ки “аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд ва таъкид менамоям, ки назорат дар ин самт минбаъд низ ҷиддӣ мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |