Ҳимояти Э.Раҳмон аз генплани нав: Душанбе 3 баробар васеътар мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо имзои қарори ҳукумат нақшаи генералии Душанбе дар таҳрири навро тасдиқ кардааст, ки тибқи он қаламрави пойтахт наздики 3 баробар васеътар хоҳад шуд.
Тибқи қарори ҳукумат дар доираи нақшаи таҳриршуда қаламрави Душанбе аз 12,7 ҳазор гектари феълӣ то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, ҳудуди 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 расонда хоҳад шуд: “Қаламрави пойтахт асосан ба тарафи ҷануб, қисман сӯи шимол, шарқ ва ғарб васеъ карда хоҳад шуд”.
Теъдоди аҳолӣ дар доираи нақшаи генералӣ то соли 2025 ҳудуди 936 ҳазор нафар ва дар соли 2040, 1 миллиону 176 ҳазор нафар пешбинӣ гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва шаҳри Ҳисорро муваззаф намудааст, ки дар қаламраве, ки оянда ба Душанбе ворид хоҳанд шуд, ба сохтмонҳои капиталӣ ва шинондани дарахтҳои бисёрсола иҷозат надиҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон вазорату идораҳо ва ширкатҳои сохтмониро муваззаф кардааст, ки дар доираи нақшаи генералии таҳриршуда фаъолият кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |