Кӯмакхоҳӣ барои интиқоли ҷасади муҳоҷирзани тоҷик ба Ватан
Як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии интернет аз ҳамватанон даъват кардаанд, ки барои интиқоли ҷасади муҳоҷирзани тоҷик ба Ватан кӯмак кунанд.
Тавре намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Сабоҳат Зокирова, муҳоҷирзани 38-солаи тоҷик бар асари беморӣ дар шаҳри Маскав ҷон додааст.
Ба иттилои манбаъ Сабоҳат Зокирова, сокини шаҳри Конибодом буда, ду фарзандаш, аз ҷумла писарчааш- Хуршедҷон Зокирови 1- сола дар Маскав мондаанд.
Мусоҳиби “Озодагон” афзуд, ҷасади Сабоҳат Зокирова айни ҳол дар сардхонаи кӯчаи “Рябиновая”-и шаҳри Маскав буда, писарчааш дар дасти пулис мебошад.
Фарҳод Ҷомаҳмадзода, як шаҳрванди Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома дар гурӯҳи “Ҳамватан-Соотечественник”-и Фейсбук аз ҳамватанон хостааст, ки барои интиқоли ҷасади Сабоҳат Зокирова ба Ватан кӯмак кунанд.
Афроди, ки хоҳишу имкон доранд, метавонанд, тариқи Сбербонк, рақами суратҳисоб-5469380062674980 ва 89687730696 кӯмак кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |