Мақоми 80-уми табиати Тоҷикистон дар феҳрасти бойтаринҳо
Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои дорои табиати бой мақоми 80-умро гирифтааст.
Ин нукта дар гузориши ҳарсолаи “Travel and Tourism” таъкид шудааст, ки аз ҷониби Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ нашр гардидаст.
Раддабандии табиати 136 кишвари ҷаҳон аз рӯи теъдоди ҳайвоноту растаниҳо, мамнуъгоҳҳо, экологияи минтақа ва инчунин теъдоди мавзеъҳои шомили мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО таҳия гардидааст.
Табиати Бразилия бойтарин эътироф шудааст. Дар мақоми дуюм Мексика ва дар зинаи сеюм Коста-Рика ҷой гирифтаанд. Ба даҳгонаи кишварҳои дорои табиати бой инчунин Перу, Чин, Австралия, Таиланд, Испания ва ИМА шомил гардиданд. Русия зинаи 39 ва Украина мақоми 115-ро соҳиб шудаанд. Ба сегонаи кишварҳои охири раддабандӣ Босния ва Герсоговина, Баҳрайн ва Молдова ворид гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |