Тасвиби қарзу грант барои таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 11-уми май созишнома барои гирифтани беш аз 65 миллион доллар қарзу грант аз Бонки осиёии рушдро ба тасвиб расонд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, маблағҳои мазкур барои таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа равона хоҳанд шуд: “Арзиши умумии лоиҳа 96,4 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 49,9 миллион доллар қарз, 15,8 миллион доллар грант ва 17,2 милилон доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад”.
Манбаъ афзуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз мешавад ва то марти 2021 идома меёбад. Муҳлати баргардондани қарз 32 сол арзёбӣ шуд.
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппаро барои тиҷорат, аз ҷумла барои интиқоли бор ба Афғонистон, Эрон ва Покистон бисёр муҳим хонд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз масъулин хост, маблағҳоро дурусту самаранок истифода баранд. Ӯ ҳушдор дод, ки баъди анҷоми татбиқи лоиҳа санҷиш гузаронда мешавад ва агар камбудие бошад, ҳатман ошкор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |