Талаби 2 ҳазору 397 соли зиндон барои Абдулқодир Машарипов
Намояндаи додситонии Блистании Туркия барои шаҳрванди Узбакистон Абдулқодир Машарипов, ки шаби Соли нав ба клуби шабонаи ин шаҳр ҳамла кард, 40 ҳабси якумрӣ ва 2 ҳазору 397 соли зиндон талаб кард.
Машарипов пештар аз додрас барои худ ҳукми қатл хост. Ин шаҳрванди Узбакистонро дар "кӯшиши сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ", анҷоми амали террористӣ, куштори теъдоди зиёди одамон ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мекунанд.
Ӯ ҳини бозпурсӣ иқрор кард, ки нақша дошт, шаби 1 январ дар майдони "Тақсим"-и Истанбул амали террористӣ анҷом диҳад. Вале ба иллати ташдиди чораҳои амниятӣ тасмим гирифт, ба клуби "Reina" ҳамла кунад, ки дар натиҷа 39 одам кушта ва 65 тани дигар захмӣ шуданд.
Машарипов баъди чанд рӯз дар маҳаллаи Эсенюрти Истанбул дастгир гашт. Ҳангоми боздошт аз манзили зисташ ду туфангча, дрон, чанд симкорт ва 197 ҳазор доллари ИМА пайдо карданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия мегӯянд, эҳтимол аст, ин пулҳоро ӯ бар ивази анҷоми ҳамла дарёфт карда бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |