Тақдими унвон ба Ҳошим Гадо аз сӯи Президент (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ, Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон маросими супоридани унвон баъди зуҳри 10-уми май баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, Ҳошим Гадоев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.
Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки “барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад”.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ ахиран дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, бо истифода аз ҳузури ҳамаи фарҳангиён мехоҳад ин хушхабарро бирасонад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 80-солагии Ҳошим Гадо ба ӯ унвони Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистонро эъто намуд.
Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон соати 18:00-и имрӯз дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Дар доираи ин барнома, 11 май дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва 12 май дар шаҳри Турсунзода барномаҳои консертии ҳунарпешаҳои кишвар баргузор хоҳад шуд.
Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 таваллуд шуда, ҳунарманди маъруфи театр ва кино мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |