Орумбекзода гуфт, фосилаю монеае миёни фарҳангиёни тоҷику узбек нест (АКС)
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, фосилаҳо дар равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Узбакистон пурра аз байн бардошта шуданд.
Орумбекзода имрӯз, 10-уми май дар ҳошияи як нишаст, қабл аз оғози "Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон" гуфт, ҳунармандони ҳар ду кишвар метавонанд барномаҳои муштарак ва ё алоҳида доир намоянд. Ӯ гуфт, муштаракоти тоҷику узбек хело зиёд аст ва фосилаи муайяне, ки барои гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ ҷой дошт, аз байн бардошта шуд: “Соли оянда мо ният дорем, ки дар Узбекистон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро доир намоем”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, барои ҳамкории ҳунармандон шоҳроҳи хело бузургро боз менамояд ва ҳатто онҳо метавонанд барномаҳои муштараки консертӣ доир намоянд: “Ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳама вақт буд, ҳунармандон меомаданд, ҳамеша ҳунармандони номдори Узбакистон ташриф меоварданд ва бо барномаҳои консертӣ баромад мекарданд”.
Ҷаноби Орумбекзода гуфт дар мулоқоти хоса бо Мирҳоҷиддин Ҳоҷиматов, муовини аввали вазири фарҳанги Узбекистон густариши бештари муносиботро ба баррасӣ гирифтаанд: “Муҳимтарин нукта ин буд, ки соли 1998 созишномаи байниҳукуматӣ имзо гардид ва мутаасифона он то имрӯз нав карда нашудааст. Мо ба қароре омадем, ки дар ҳама самтҳо, аз Донишгоҳи илмию фарҳангу санъат шуруъ карда, то ҳар як театру қасри фарҳанг ҳамкориҳои хеле зич дошта бошем”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон зикр кард, ки дар сафари феълӣ танҳо ҳунармандони Узбакистон ширкат мекунанд ва шоирону нависандагон ҳузур надоранд: “Минбаъд зимни баргузории рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳо иштироки шоирону нависандаҳо низ ба назар гирифта мешавад. Мисли замони Шӯравӣ “Рӯзҳои фарҳангу адабиёт” хоҳад буд ”.
Маросими ифтитоҳи расмии "Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон" имрӯз, 10-уми май соати 18:00 дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. Дар доираи ин барнома, 11 май дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва 12 май дар шаҳри Турсунзода барномаҳои консертии ҳунарпешаҳои узбек баргузор шуда, 13 май “Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон" хотима меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |