Бахшҳо
10 май 2017 09:36Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон “Роғун”-ро ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардум гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 10 май барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун ба ин шаҳр сафар кардааст.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо ҳайати муҳандисону кормандони техникии иншоот мулоқот кардааст: “Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО “Роғун” дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин “Кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” бештар аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонида шудааст: “Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали Неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад”.

Масъулини НБО “Роғун” гуфтаанд, то имрӯз дар сарбанди неругоҳ 47 асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб гардидааст. Лоиҳа ва технологияи сохтмони пешдарғот талаб мекунад, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмони геомембрана, ки дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шудааст. “Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводҳо ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад”,-меафзояд дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи пешдарғоти НБО “Роғун”, Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии-Т22 шиносоӣ пайдо кардааст. Корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 ба итмом расида, дар маҷмӯъ корҳои нақбканӣ 157 286 м3, дар ҳаҷми 32 865 м3 метри мукааб хобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст: “Айни замон кашонидани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақби мазкур дар маҷмӯъ (Т-22, Т-22I ва Т-22II) 600 метри тулонӣ мебошад”.

Ба иттилои расмӣ феълан дар сохтмони НБО “Роғун” бештар аз 13 ҳазор нафар кор мекунанд. Ин неругоҳ дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метрӣ, бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод.
Мӯҳр
Аз Рогун, Рогуншох
Озодагон ин чи хел маълумотнома хаст, ки дар сайти "ОЗОДИ ХАБАРХО" шумораи кормандонро 14 000 гуфтанду дар сайти Шумо 13000 нафар кадомаш дуруст бошад. Ё ин ки дар ин ГЭС хам изофанависии шумораи кормандон сар шуд чи балое?

Абдураҳим
Озодагони муҳтарам Тоҷикистон кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ нест .... худоро шукр ки нисбати дигар кишварҳо хело барқи фаровону нисбатан арзон дорем. Танҳо барои беҳшудани вазъи иқтисоди каме дар зимистон норасои ба чашм мехурад ва ин маънои онро надорад ки муҳтоҷ бошад. ана ин кохи нӯр бунёд шавад Худо хоҳад содиротчии рақами як дар О. Марказӣ мешавем......... таъна назанед кишваро

ном
Мухтарам ЧО хамту як нохияи Рашт назар мекарден хуб мешуд сел базе хочагихоро хароб кардааст аммо ягон кумак аз хокимияти нохия нест

Ворух
Зинда бош Ҷаноб!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)