Шикояти донишҷӯёни қазоқ аз ҷалби иҷборӣ ба сафи ҳизби президент
Хатмкунандагони донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон хабар доданд, ки аз онҳо барои ҳизби президентии "Нур Отан" маблағ ҷамъ меоранд ва бархеҳоро иҷборан ба сафи ҳизб ҷалб месозанд.
Яке аз донишҷӯён ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, вай барои ҳизби "Нур Отан" 300 танга додааст. Вай мегӯяд, мудири факулта огоҳ кардааст, ки "агар ин маблағро надиҳанд, ба ҳимояи кори дипломӣ роҳ нахоҳанд ёфт".
Донишҷӯи дигари донишгоҳи мазкур мегӯяд, ӯро бе розигиаш шомили ҳизби "Нур Отан" кардаанд.
Намояндаи ҳизби мазкур дар донишгоҳи аграрии Қазоқистон Тимур Сейилханов мегӯяд, донишҷӯён аз сиёсати давлат розӣ ҳастанд. "Мо касеро маҷбур намекунем. Хоҳишмандон ба мо муроҷиат мекунанд ва шомили ҳизб мешаванд. Мо танҳо беҳтаринҳоро интихоб мекунем", - меафзояд Сейилханов.
Роҳбарияти донишгоҳ ваъда додааст, ки шикояти донишҷӯёнро дар бораи аъзогии маҷбурӣ ба сафи "Нур Отан" хоҳад санҷид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |