Боздошти Белов, муттаҳами дигари қазияи “Хованск”
Мақомоти Русия Владимир Белов, яке аз иштирокдорони муноқишаи маргбори қабристони Ховански Маскавро боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ Белов дар минтақаи Донетску Лугански Украина паноҳ бурда, 5 май замони талоши вуруд ба қаламрави Русия
боздошт гардидааст.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Владимир Белов ва ҳамраҳи ӯ Георгий Макарев аз иштирокдорони фаъоли муноқишаи қабристони Хованск буда, то ҳол мавриди кофтукоб қарор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки 14 майи соли 2016 дар назди даромадгоҳи асосии қабристони Хованск муноқиша ба вуҷуд омад, ки дар пайи он 3 зодаи Тоҷикистон ҳалок ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд. Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, муноқишаро Юрий Чабуев ва Александр Бочарников ташкил кардаанд: “Яке аз муттаҳамон гуноҳашро иқрор кард ва шоҳидӣ дод, ки гуноҳи дигаронро низ дар ин қазия исбот мекунад”.
Бино ба иттилои муфаттишон Чабуев, Макарев ва Бочарников ин муноқишаро бо мақсади бо роҳи зурӣ берун кардани муҳоҷирони тоҷик аз қабристони Хованское ташкил намуданд.
Додгоҳ моҳи ноябри соли 2016 муҳлати ҳабси муттаҳамон дар қазияи Хованск- Юрий Чубаев, Сергей Козлов, Владимир Колесников, Элбек Вадуев, Никита Мошенко, Артур Ҳоҷихонов, Бочарников, Вадуев, Александр Мережко, Борис Рудаков, Вячеслав Серов, Зелимхан Хамзатханов, Элихану Яҳёев ва Леч Яҳёевро то 14-уми марти соли 2017 тамдид карда буд.
Иттиҳоми куштор алайҳи ташкилкунандагони муноқишаи Хованск, ки 14-уми майи соли 2016 бо марги се тоҷик анҷомида буд, бекор гардида буд.
Қаблан “Комерсант” аз қавли манобеяш навишта буд, ки барои муфаттишон то ҳол ҷузъиёти марги Суҳроб Хушаков, яке аз се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Хованск рӯшан нест: “Ташхиси аввалия нишон дод, ки Хушаков аз қалбаш тир хӯрда ҷон додааст. Аммо ҷасадаш на дар қабристони марказии Хованск, балки дар шимоли он ёфт шудааст, ки роҳи пиёдагард аз макони муноқиша то ҷои дарёфти ҷасад як соат вақт мегирад”.
Тибқи навиштаи “Комерсант” ташхисгари судӣ изҳори шубҳа кардааст, ки Хушакови 26-сола ба муноқишаи 14-уми май рабт дорад ва эҳтимол ӯ шаби пеш аз муноқиша кушта шудааст: “Ду нафари дигар-Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 зери чархи мошини аъзои “Здоровая нация” ба ҳалокат расидаанд”. Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буданд мақомоти Русия 5 тоҷик - Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддиновичро бо иттиҳоми авбошӣ ба ҳабс гирифта буд. Ба иттилои мақомоти Русия тафтишоти парванда анҷом ёфта ба курсии айбдорӣ 16 нафар нишаста, аммо шахсияти 80 нафар муайян карда нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |