Бахшҳо

Наздикони 2 тоҷики кушташуда аз сӯи “ФСБ”: Онҳо муҳоҷири оддӣ буданд

Наздикони ду тоҷик, ки тибқи хабарҳо 19-уми апрел аз сӯи маъмурини “ФСБ” дар вилояти Владимир кушта шуданд, то ҳол натавонистаанд, ҷасади онҳоро пайдо ва асли қазияро муайян кунанд. Дар ҳоле, ки расонаҳои русӣ ду тоҷики кушташударо муттаҳамон дар терроризм арзёбӣ кардаанд, наздиконашон мегӯянд, онҳо муҳоҷирони меҳнатии оддӣ буданд.

Фазлиддин Ғафуров, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ду ҷавоне, ки тибқи хабарҳо кушта шудаанд, писарони тағояш Ибодулло Валиеви 30-сола ва Шарифхон Бозорови 26-сола, сокинони ноҳияи Муъминобод мебошанд.

Ғафуров дар як навори видеоӣ дар суҳбат бо Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик - “Этмос”, мегӯяд Ибодулло ва Шарифхон давоми 7 сол дар бӯстонсаро ба ҳайси посбон ва кӯмакрасон дар хоҷагидорӣ фаъолият мекардаанд: “Ибодулло 6 рӯз қабл аз ҳодиса ба вилояти Владимир омада буд ва додараш ҳуҷҷатҳои худро аз нав карда буд”.

Ғафуров афзуд, бегоҳи 18 апрел бо ҳар дуи онҳо суҳбати телефонӣ доштааст ва пас аз 3 рӯз чанд бор кӯшиш кардааст, ки дубора бо онҳо дар тамос шавад, вале бенатиҷа будаст: “Модари онҳо ба ман занг зада гуфт, ҳар дуи онҳоро пайдо кунам ва 21 апрел ба ҷои кори онҳо рафтам, чанд маротиб садо кардам, касе ҷавоб надод. Як нафар гуфт, ки ду нафарро дар ин ҷо куштанд. Дар он маҳаллае, ки онҳо кор мекарданд, танҳо як котеҷ буду халос”.

Дар ҳоле, ки “ФСБ” мегӯяд, кушташудаҳо гӯиё муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд, Ғафуров гуфт, вақте ба ҷои ҳодиса рафтааст, ягон пайи тир дар девори он бӯстонсаро дида намешуд.

Ин муҳоҷир мегӯяд вақте хост дар бораи наздиконаш аз нозири минтақавӣ пурсон шавад, ӯро низ ба шӯъбаи пулис бурда, наздики як шабонарӯз пурсуҷӯ кардаанд.

Наздикони 2 тоҷики кушташуда аз сӯи “ФСБ”: Онҳо муҳоҷири оддӣ будандФазлиддин Ғафуров афзуд, барои дақиқ кардани ҳодиса ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа анҷом ёфтааст: “Ба тавре, ки онҳо нахостанд худро дар ин кор омехта кунанд”.

Каримчон Ёров низ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ва намояндаҳои он дар хориҷ даъват кардааст, ки ба ин ҳодиса равшанӣ андозанд.
Ба гуфтаи ӯ пас аз ҳодисаи Санкт Петербург пулиси рус тамғаи террористро ба шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва ҳатто Қирғизистон зада истодааст.

Наздикони муҳоҷирони кушташуда аз мақомот хоҳиш доранд, ки ҳадди ақал барои пайдо намудани ҷасад ва интиқолашон ба Ватан кӯмак намоянд.

Қаблан Хадамоти федеролии амнияти Русия ё “ФСБ” 19 апрел аз кушта шудани ду зодаи Осиёи Миёна дар пайи як амалиёт хабар дод. Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятӣ навиштанд, ки онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. ФСБ ин ду нафарро дар ҳамдастӣ дар ҳамлаҳои террористӣ муттаҳам медонад ва эълон кард, дар ҷараёни амалиёти боздошт ба кормандони амният муқовимат нишон додаанд. Ному насаби ин ду нафар эълон нашуда буд, аммо синну соли онҳо 26 ва 30 гуфта мешуд. “ФСБ” иттилоъ дода буд, ки кушташудаҳо ба омода кардани маводи тарканда майл дошта, барои содир кардани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Русия омодагӣ мегирифтаанд.

Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта шуд, ки аз ҷои ҳодиса ашёи лозим барои сохтани василаҳои тарканда, як автомати АК-74, як таппончаи Макаров ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт кардаанд.
Мӯҳр
Ман ба террорист будани точики бечораи барои як лукма нон ба гуломирафта хич бовар намекунам. Мардуми вилояти Кулоб 10 сол пеш "юрчик" буданду ин кадар чонбозихо карданд барои осоиштаги, имруз дар ин муддати кутох идеолгияашонро тагйир дода гайриимкон аст ва боз аз онхо "террорист" баровардаанд. Кушанд хам бовар намекунам. Дуруги махз.

Салом
хамаи инхо як бозихои хукумати рус мебошад

Барои чи сафорат пайгири намекнад ин қазияро агар дар ҳақиқат инҳо бегуноҳ бошанд ки ҷавоб медода бошад сафорат бояд пайгари кунанд ки оянда дар дигар минтақаҳо такрор нашаванд ин шоуҳои мақомот
илтимос озодагон чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)