Бахшҳо

Толибон дар марз: Э.Раҳмон ба Ғанӣ кӯмак пешниҳод кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 5-уми май бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли онро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ба мувофиқа расидаанд, ки дар таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд: “Сарвари давлати Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистони ҳамсоя омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид карданд”.

Раисҷумҳури Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон изҳори сипос кардааст. Дар охири суҳбат Ашраф Ғанӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардаст, ки дар вақти барояшон муносиб даъват аз Афғонистон боздид кунад: “Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мӯҳлати баргузории сафари мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад”.

Суҳбати раисони ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи охир ҷангҷӯёни Толибон ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистонро таҳти тасарруф дароварданд. Тибқи иттилои расонаҳо феълан даргириҳои шадид барои чанд улусволӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла ноҳияи Зебок ҷараён доранд.
Мӯҳр
Оё рузе мерасида бошад, ки дар Афгонистон сулху субот шавад? Аз рузе ки худро мешиносам, дар ин кишвар чанг аст. Ки медонад оё чанги Афгонистон рузе тамом мешавад?

Точик
Чангро дар Афгонистон хукумати Шурави сар кард. Вагарна имруз Афгонистон хело обод мешуд.

Кухзод ба Кухистони
Абаркудратон бояд Афгонистани дигареро пайдо кунанд, то силоххои маргборашон озмоиш кунанд, он гох Афгонистон тинч мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)