Бахшҳо

Раҳимӣ мухолифи роҳпаймоии “Полки безавол” баромад

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, мухолифи роҳпаймоии “Полки безавол” изҳорот додааст.

Раҳимӣ бо нашри як изҳорот дар “Ховар” зикр кардааст, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва тамоми барномаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузории кишвар баргузор гарданд.

Президенти Академияи илмҳо иброз доштааст, ки Иди Ғалаба дар Тоҷикистон ҳамасола бо иқдом ва дастурҳои бевоситаи раисиҷумҳур дар сатҳи баланд таҷлил мешавад: “Иштирокчиён ва шахсоне, ки дар ақибгоҳи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳисса гузоштаанд ва имрӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, мақомоти маҳаллӣ дар маҳалҳо, вазорату идораҳо ва ташкилотҳо мунтазам қадрдонӣ мешаванд”.

Ӯ афзудааст, дар «Боғи Ғалаба» омодагӣ ба паради ҳарбӣ ҷараён дорад ва дар он ҷузъу томҳои Пойгоҳи низомии 201-уми Русия низ иштирок менамоянд: “Ин ҳама ба он равона шудаанд, ки Рӯзи Ғалаба дар хотираи таърихии мардум ҳифз карда шавад. Ман фикр мекунам, ки баргузории дигар аксияву чорабиниҳо ва тақсим кардани ҳар гуна варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ки ба ҷашн бахшида мешаванд, хоси мо нест ва ба арзишҳои миллии мо ягон алоқамандӣ надоранд”.

Ин дар ҳолест, ки Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз, 5 май зимни як ҳамоиш аз иҷоза надодани раҳпаймоии "Полки безавол" дар Душанбе, изҳори таассуф карда, гуфтааст, “Полки абадӣ” дар Русия, кишварҳои Аврупо ва Амрико баргузор мешавад. Номбурда афзудааст, ки чорабинии мазкур ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбият карда, аз қурбониёни зиёде, ки дар ҷанг дар роҳи озодии Ватан фавтидаанд, ёдоварӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Душанбе ба далоили амниятӣ барои роҳпаймоии “Полки безавол” дар пойтахт иҷозат надоданд.
Мӯҳр
Шохкарим
Мухтарам Фарход Рахими бехтарин андешаро баён намудааст!
Вокеан фурсате расидааст, ба амалхои тахмилие, ки дахсолахо боз болои мардуми точик идома доранд, хотима дихем!

Ёдовари намудан аз гузаштагони ин чанги хонумонсуз чи бадие дорад? Хар рузи шанбе базм оростан дар маркази шахр, албата мо тарафдор, локин ин бар хилофи дину мазхаб нест? Ё мухтарам донишмандон бисер медонанд? Ё мо чизеро намефахмем.Шохкарим,
Шохкарим,

Рачаб
Мухтарам Фарход Рахими шумо хато кардед хамчун олим. Полки безавол ин падару бобоени мо ки сина сипар карда мову шуморо аз фашистхо озод карданд ба гуфтаи шумо аз арзишхои миллии мо набудаанд. Арзишхои миллии мо ба фикри шумо чор панч милиардерхои точикро бардор бардор кардан аст.

Беном
Бар гузашта салавот. Ба тарики дипломатия хал шуд. Дигар гапхо лозим нест, зеро мегуянд: Шухи макун ба арбоб, арбоб занад ба хар боб......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)