Кӯмак ба иштирокчиёни ҶБВ: Президент 3 ҳазору Р.Эмомалӣ 1500 сомонӣ ҷудо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 9-уми май, Рӯзи Ғалаба, қарор кардааст, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 3 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим гардад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ барои расондани 1,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ба иштирокчиёни ҶБВ ва ҳамсарони афроди дар ин ҷанг ҳалокгардида супориш додааст.
Тибқи қарори шаҳрдорӣ ба соҳибони ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ - атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида 800 сомонӣ кӯмакпулӣ расонда шавад.
Манбаъ афзуд, Рустами Эмомалӣ инчунин сарраёсати молияро муваззааф кардааст, барои омода намудани 9 адад гулчамбар 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо намояд.
Муовинони шаҳрдори Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд, маблағро бевосита зимни аёдат супоранд: “Ба иштирокчиёни дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ дода шаванд”.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 449 иштирокчӣ ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки аксари онҳо маълулу барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |