Мақомот: Агар симкортатро ҷинояткор истифода кунад, ту ҳам ҷинояткорӣ...
Мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хостори роҳандозии ҷавобгарии ҷиноӣ барои харидуфурӯш ва додугирифти ғайриқонунии симкортҳои мобилӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаи равон намояндагони мақомот ва ширкатҳои мобилӣ масъалаҳои ба танзим даровардани симкортҳои мобилӣ, азнавбақайдгирии онҳо ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (шиноснома) тартиби ба фурӯш баровардани симкортҳоро баррасӣ кардаанд.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, қарор қабул карда шуд, ки барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳои мобилӣ ва истифодаи он аз тарафи шахси дигар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шавад. Масъулин таъкид намудаанд, ки ҳангоми симкортҳоро барои истифода ба шахсони ҷинояткор додан, чунин шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқа изҳор доштаанд, ки чунин лоиҳаи Қонунҳо рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |