“Рейд”-и милиса дар литсей: Директор камбудиҳоро нодида мегирад
Маъмурини милиса зимни як “рейд” дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ошкор кардаанд, бархе муҳассилин аз оғози таҳсил дар дарсҳо иштирок накардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни санҷиш ҳолатҳои зиёди бе ягон сабаб ба мактаб наомадани ҷавонон ва бидуни лавозимоти хониш ба дарс омадани онҳо ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ инчунин аз либоспӯшии омӯзгорон интиқод карда, афзудааст, ки аз ҷумла директори литсейи мазкур Ҳотам Мирзоев бо вуҷуди ҷой доштани чунин камбудиҳо, ҳамаи инро нодида гирифта, барои бартараф намудани онҳо иқдоми зарурие аз худ нишон надодааст.
ВКД асоси ҳуқуқии “рейд”-ҳояшро талаботи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» арзёбӣ карда, афзудааст, ки пайваста чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |