“Россотрудничество” аз раёсати Душанбе хост, ба роҳпаймоӣ иҷозат диҳад
Михаил Вождаев, раҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хост, барои роҳпаймоии “Полки безавол” иҷозат диҳад.
Вождаев имрӯз, 4-уми май зимни баргузории ҳафтаи “Поси хотир” дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Александр Мироненко дар Душанбе гуфт, ҳоло вақт ҳаст, то иҷоза барои роҳпаймоӣ дода шавад: “Ман аз ин минбар ба шаҳрдорӣ муроҷиат менамоям, ки ҳоло вақт ҳаст, иҷоза диҳед, дар баробари маросими расмӣ, мардум бо аксҳо бароянд, бигзор роҳпаймоӣ 8 май ва ё баъди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ баргузор шавад”.
Раиси “Россотрудничество” гуфт, аз чанд моҳи қабл бо сафорати Русия, Шӯрои собиқадорон ва мақомот маслиҳат кардаанд, ки ин маросимро дар куҷо ва чигуна гузаронанд, аммо се руз қабл ба далоили амниятӣ иҷоза барои гузаронидани чорабинӣ дода нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Вождаев “дирӯз аз чопхона беш аз 900 акси “Полки безавол”-ро гирифтаанд ва ҳазорон нафар мехоҳанд бо наздикону фарзандонашон биёянд бо аксҳои бобоёну наздиконашон, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, роҳпаймоӣ кунанд ва хотираҳои қурбониёни ҷангро зинда гардонанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |