Бахшҳо

+6. Теъдоди ташкилотҳои қарзии фаъолияташ қатъшуда афзуд

Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти боз 6 ташкилоти хурди қарзӣ дар кишвар иттилоъ дод.

Бино ба иттилои торномаи расмии ин ниҳод, фаъолияти муассисаҳои қарзии хурди “Асрина” ва “Армон” рӯзи 1 май дар пайи пешниҳоди ариза аз сӯи масъулинашон қатъ шудааст. Ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 26-и қонун “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6, 10, 12-и қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаҳои ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Вориси замон”, ҶСП ТАҚХ “Амлок” ва ҶСП ТАҚХ “Нисор Фом” бозхонд шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ шудаанд.

“Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд”,-гуфта мешавад дар иттилоияи Бонки миллӣ.

Давоми ду соли ахир дар Тоҷикистон фаъолияти даҳҳо ташкилоти қарзӣ бо далелҳои мухталиф қатъ шудаанд.
Мӯҳр
Тавба, пули мехнаткардагии моро намедиханд бонкхо. Мо доллар додем, долларомона дихед, баъд аз ин бо онхое, ки карордод хануз надоред, сомони дихед. Аммо бо мо карордод доред- ку. Магар ин вайрон кардани конун ва чабр нисбати мо нест. 8 мох мешавад пуламонро аз агроинвестбонк бо доллар гирифта наметавонам. Агар сомони гирем, дар ин инфиляция нол мешавад, ба араки чабин чамъкардаамон барои дар чойи зист доштанамон намерасад. И Н С О Ф ! ! !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)