Бахшҳо

“Худсонсурӣ мекунед, ҳама аз навиштан метарсанд”

Бархе созмонҳои байналмилалӣ, ки ба омӯзиши вазъи озодии баён ва ҳимояи ҳуқуқи инсон машғуланд, борҳо аз маҳдуд гардидани озодии баён дар Тоҷикистон гузориш додаанд. Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки вазъ сол то сол бадтар мешавад. Дар гузоришҳои имсола Тоҷикистон дар қатори “кишварҳои ноозод” қарор гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба ин хабарнигори “Озодагон” дар Рӯзи байналмилалии озодии баён аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ДУРНАМОИ ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН ЧИСТ?

Абдумалик ҚОДИРОВ, таҳлилгар
Вазъи озодии баён, мисли ҳама дигар озодиҳо ба вазъи умумии сиёсии кишвар бастагӣ дорад. Яъне, агар кишвар сиёсати дохилиашро сӯйи авторитаризм равон мекунад, пас озодиҳо маҳдуд мешаванд. Тоҷикистон дорад сӯйи яккаҳокимиятӣ меравад, пас мо бояд интизор шавем, ки озодиҳо рӯз ба рӯз маҳдуд хоҳанд шуд, аз ҷумла озодии баён. Намешавад, ки дар кишвари орӣ аз озодиҳои бунёдӣ, озодии баён вуҷуд дошта бошад. Баъдан, сиёсати дохилии Тоҷикистон хеле бастагӣ дорад ба сиёсатҳои “шарикони стратегиаш”. Русия, ки аз муҳимтарин шарикони стратегии мост, ба ҷониби низоми авторитарӣ тамоюл дорад. Чин аз шарикони дигари стратегии мо маҳсуб мешавад (ҳарчанд дар ин бора баланд садо намекунем), маъмулан ба озодиҳои бунёдӣ он қадар эҳтиром надорад. Пас мо чаро аз ин раванд ақиб монем?

Мухтор БОҚИЗОДА, коршиноси соҳа
Ман аслан дар ин раванд дурнаморо намебинам. Озодии баён рӯз то рӯз дорад рӯ ба таназул меорад. Ва шояд вазъи ноороми сайёра ва ҳаводиси мубрам сабаб мегардад, ки бо ҳар баҳонае рӯзноманигори тоҷик зери фишорҳо қарор бигирад. Аз ин рӯ маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон аз буда бештар мегардад.

Ҷовид МУҚИМ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дурнамои озодии баён аз вазъи амниятию сиёсии кишвар вобата аст ва инро ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад. Худсонсурӣ дар воситаҳои ахбори омма аз ҳар вақти дигар бештар шудааст. Моддаи 30-и Сарқонуни Тоҷикистон озодии баёнро кафолат медиҳад ва касе барои навиштаҳояш таъқиб карда намешавад. Худи журналистон аз навиштан ҳарос доранд. Худсонсурӣ мекунед, ҳама аз навиштан метарсанд.

Шариф МУЛЛОЕВ, мудири кафедраи матбуот ва пиари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
Ибораи “озодии баён” миёнаи солҳои 80-ум пайдо шуд. Фикр мекунам озодии баён ин ҳуқуқи донистани ҳама чизе ки дар кишвар ва ҷаҳон содир мегардад, ин ҳуқуқи ҳақиқатро натарсида шунидан ва гуфтан мањсуб меёбад. Ба озодии баён, ба озодандешии сиёсӣ (плюрализм) муддати дароз, ҳатто имрӯз монеае нест. Дар замони муосир дар Тоҷикистон ба нашри рӯзнома ва маҷалла на танҳо ташкилотҳои давлатӣ, балки ҳизбҳои гуногун ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кооперативҳо ва шахсони алоҳида ҳуқуқ пайдо кардаанд. Ба пастии маданияти сиёсӣ, ба маҳорати касбӣ нигоҳ накарда, ВАО фаъолияти назаррасе дорад. Яке аз хусусияти муҳими воситаҳои ахбори оммаи муосир ин иштироки фаъоли онҳо дар эҳёи миллӣ маҳсуб ёфта, афзуншавии мавод дар атрофи ин мавзӯъ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла, радио, телевизион, баҳсҳо дар атрофи таърихи ниёгон, муносибатҳои байналхалқӣ, масъалаҳои истиқлолият ва ғайра, аз мухторияту истиқлолияти ВАО шаҳодат медиҳад.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Дурнамои озодии баён дар Тоҷикистон хуб нест, зеро омилҳои зиёди иқтисодию сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ солҳои охир домангири расонаҳои мустақил ҳастанд. Агар Ҳукумати Тоҷикистон як барномаи мушаххас барои муҳайё намудани шароити мусоиди рушди плюрализм дар ҷомеа ва кӯмаки молӣ ба расонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон рӯйи даст нагирад, аз миён рафтани расонаҳои мустақил - ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор эҳтимол дорад.

Саъдӣ МАҲДӢ, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Озодӣ чизи нисбист. Озодии мутлақ дар ҳеч ҷо вуҷуд надорад. Озодӣ дар доираи қоидаву қонунҳо фаҳмида мешавад. Дурнамои озодии баён дар доираи чорчӯбаи қонун нек аст. Зеро мо беҳтарин Сарқонун дорем, ки озодии инсонро кафолат медиҳад. Баъзе арзишҳое ҳастанд, ки намешавад онҳоро ба хотири озодандешии фардӣ қурбон кард. Мисли Давлат, Миллат, Забон, Қонун. Инҳо болотар аз ҳама гуна афкори дигаранд. Таҷрибаи давлатҳои дигар инро нишон дода истодааст ва медиҳад. Мо солҳои 90-ум хело даст бар сина куфта озодӣ гуфтем, ҳатто майдони Озодиро хаймаборон карда, як ҷои муқимии озодхоҳон кардем, ки натиҷаашро дидем. Барои ҳамин, дар навбати аввал дар доираи қонун зистан ва муҳофизати Давлату Миллат. Ин аст дурнамои озодии баёни ҳар шаҳрванд.

Қаҳрамон БАҚОЗОДА, раиси Маркази таҳқиқотии “Зеркало”
Вазъият пӯшида нест. Намояндагони сохторҳои давлатӣ борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаи мо барои озодии сухан тайёр нест ва бояд дар ин масъала эҳтиёткорона рафтор кард. Вале ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд оқилона ва бо назардошти вазъи ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ муколама ташкил карда, барои беҳтар кардани вазъият ҳаракат намояд.
Мӯҳр
Муаллим
Ба фикри Абдумалик Кодиров ва Мухтор Бокизода сад дар сад розиям.

Берти
Озодии байон дар Точикистон умуман дида намешавад.

чоналист
Устоди мо Човид Мукимро дар ягон расона сармухаррир монанд, хамон моддаи 30-ро дар амал татбик кунанд, хеле хуб мешавад!
Намунаи ибрат мешуданд.

Darvesh
Саъдӣ МАҲДӢ, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
....Озодӣ чизи нисбист. Озодии мутлақ дар ҳеч ҷо вуҷуд надорад.

Muhtaram Саъдӣ МАҲДӢ pesh az in sukhanonroo guftan ba digar kishvarho nigoh kuned!!!!!!!!!!!!!!

Ҷовид МУҚИМ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
...Худи журналистон аз навиштан ҳарос доранд.
.. Muhtaram Ҷовид МУҚИМ Kani yak marotiba 1 maqolae navised. va ta'kid kuned falon rohbar sukhani khato zadaast. Pagoh ba monandi ruznomanigor tai shatavu lagat yo zeri tiri tufangcha memoned.... I azobi ruznomanigoronro mo nagz medonem!!!!!
Khullas digar SAFSATA nagued..

Virkan
Аз миёни хамаи тахлилгарон, тавзехоти рафики мо Саъдии Махди аслан касби нест. Саъдичон, барои ту касби филологи як андоза мезебад на журналисти. Бале, сарконун дигар надорем он конститутсия аст ва озодиро кафолат медихад, аммо сухан дар бораи таъмини кафолат меравад ва татбики кафолат ба озоди. Нуктаи дигар, Шумо як гурух табакаи зимомдор то ба кай солхои 90-ум мегуеду мегуед. Дар хамон солхои хам шумо озодиро саркуб кардед, торих ба хама чиз бахои сазовор медихад, бародар, биёед вокеъбинона ба вазъияти имрузу фардо нигариста бахо дихем.

ХОЧИ
Virkan,
Ба Виркан. Нодида магуй. ки нодида гиранд.Аз куҷо медони,ки дар солҳои 90 чи шуд?Саъди рост мегуяд, он кадар озодихоҳи кардем.ки окибат ноозодтар шудем. Худо аз ин бад накунад,Чи, бо пустаку курпаатон бори дигар Панҷро убур кардан мехоҳед? Талаби озоди хам роҳ дорад ва дар кучо то кадом андоза онро талаб кардан лозим, амалест, ки эхтиёт мехоҳад.Аз он, ки ману шумо озоди мехоҳем, бисёриҳо истифода бурдан мехоҳанд. Он гоҳ ба қавли русҳо "револютсию придумают романтики, делают фанатики, его плодами ползуются негодяи" мешавад. Чи тавре.ки ана ҳамон солҳо мехостанд чунин кунанд...

R-n
ХОЧИ,
Бо ин суханон боз тахдид карда истоди, чи бобои хочи? Маълум аст ки кисти. Солхои навадумро хуб медонем ва дидему дар он замонхо зистаем. Дигар ин ки "не револютсию придумают", а революцию задумывают романтики, осуществляют фанатики, а ее (не его) плодами пользуются негодяи. Бародари азиз, касе нагуфтааст дар бораи ягон ночури ва ё рафтан он суи Панч. Охир бас будагист то кай шумо мардум аз хотироти номатлуби хамон солхо суистифода мекунед. Айб аст.

Хабархон
"Озодӣ чизи нисбист. Озодии мутлақ дар ҳеч ҷо вуҷуд надорад" Ин гуфтахои профессор Иброхим Усмонов аст. Саъди Махди факат суханони дигаронро хамчун андешаи хоси худ баён мекунад. Мусикиро аз нигохи Ислом чоиз донисти. Ана, ин аст андешаи хоси ту!

мехмон
Озоди маънои онро надорад , ки ба хар як майда чуйда хурдагири кунед. Хатто дар Руссия озодии пурра вучуд надорад. Мисолаш аз байн бурдани Немцов. Точикистон ки кариб 90% - и шахрвандонаш хукукхои шахрвандии худро намедонанд ва куркурона ба Сарконун менигаранд оё маънои озодиро медонанд? Факат оппозисия озодии Исломро бахона мекунанд ва ин ягона яроки онхост ! Дар амал ягон иктисодчи ё сиёсатманди бузурги халкро ба худ чалб мекардаги надоранд. Журналистонро дар тамоми хамчун ,,хангомачи " мешиносанду халос !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)