Ба курсии сармурабии “Ҳосилот” Ашӯрмамадов такя зад
Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи тими миллии Тоҷикистон сармураббии нави дастаи “Ҳосилот”-и Фархор таъин шудааст.
Сармураббии пешини “Ҳосилот” Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев баъди бохти “Ҳосилот” дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ССКА “Помир”-и Душанбе истеъфо дода буд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, Ашӯрмамадови 48-сола шурӯъ аз фардо ба ҳайси сармураббӣ корро оғоз мекунад. Нахустин дидори “Ҳосилот” зери раҳбарии ӯ 7 май бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа доир мегардад.
Алиёр Ашӯрмамадов таҷрибаи кор дар дастаҳои ССКА “Помир”, “Энергетик”, “Парвоз” ва “Далерон-Уротеппа”-ро дорад.
Ӯ дар гузашта ба ҳайси ҳамлагар дар дастаҳои СКИФ-1 (Душанбе, 1989), “Вахш” (Қӯрғонтеппа, 1990), “Помир” (Душанбе, 1991-1992), “Локомотив” (Москва, 1993), “Авангард” (Коломна, 1994), “Анжи” (Махачқалъа, 1995-1998), “Варзоб” (Душанбе, 1999-2000), “Иртиш” (Павлодар, 2001-2002), СКА “Помир”(Душанбе, апрел-июл 2004), “Хима” (Душанбе, август 2005-2007) ба майдон баромадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |