Ғаффоров ба ноиби генпрокурор: Чаро ҷабрдидаҳоро пеши дигарон равон мекунед?
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори расидагии беҳтари кормандони прокуратура ба шикояти шаҳрвандон шуд, то онҳо бо арзу додхоҳияшон саргардон нашаванд.
Вакили мардумӣ Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ имрӯз, 3-юми май зимни ҷаласаи парлумон дар хитоб ба Ҳотам Назарзода, ноиби аввали додситони кул масъалаи сарсонии шаҳрвандонро бо шикоятҳояшон ба миён гузошт. Ғаффоров аз Назарзода суол кард, ки шахсони ҷабрдида аз дасти дигар мақомот ба прокуратура шикоят мебаранд: “Аммо прокуратура аризаи шикоятиро барои баррасӣ боз ба ҳамон мақомоте, ки ҷабрдида аз он шикоят бурдааст, мефиристад. Назари шумо дар ин маврид чист?”.
Назарзода посух дод, ки қонунгузорӣ баррасии шикоятро аз ҷониби прокурори болоӣ манъ накардааст ва шахс метавонад дубора муроҷиат намояд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, “саволи Абдуҳалим Ғаффоров ҷон дорад ва беҳтар аст, мақомот шикояти шаҳрвандонро дар марҳилаи аввал хуб баррасӣ кунанд, то ду, се ва чорбора шикоятҳо такрор намешаванд”.
Ин суолуҷавоб дар ҳошияи муаррифии тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти прокуратура” сурат гирифт, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид.
Ҳотам Назарзода зимни муаррифии лоиҳа гуфт, агар шахс аз сабаби доштани камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда натавонад, прокурор вазифадор аст дар доираи қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ бо аризаи даъвоӣ ба суд муроҷиат карда, аз ҳуқуқҳояш дифоъ кунад. Ӯ афзуд, ин тағийрот ба манфиати шахсоне равона карда мешавад, ки осебпазир буда, бино бар вазъи саломатӣ, синну сол, ғайриқобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок манфиатҳои қонунияшро мустақилона ҳимоя карда наметавонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |