Ҷашни озодии матбуот ва тақдими ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони фаъол
Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми май зимни таҷлили Рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар Душанбе аз қурбониёни роҳи озодии баён ёд карда, хабарнигорони фаъоли кишварро бо ҷоизаю дипломҳо қадрдонӣ намуданд.
Хабарнигори “Озодагон” аз ин маросим иттилоъ дод, Ҷоизаи созмони “Медиа Алянс”-и Тоҷикистон ба номи Отахон Латифӣ соли равон ба Салими Аюбзод ва Наҷмиддини Шоҳинбод тақдим гардид: “Ҷоизаи “Медиа Алянс” ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев барои ҷасорати журналистӣ ба Иршод Сулаймонӣ тақдим гардид”.
Манбаъ афзуд, ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Ҳуриниссо Ализода супорида шуд: “Ҷоизаи Эътилофи бонувони журналист ба номи Буринисо Бердиева, дар бахши матбуот ба Адолати Мирзо, дар бахши радио ба Саодат Исмоилӣ, дар бахши телевизион ба Фирӯза Мирҷумъаева тақдим гардид”.
Одили Нозир, корманди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Карим Мусо, корманди радиои Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи Шӯрои ВАО ба номи Пайванд Гулмуродзода шуданд.
Ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Ҷумъа Толибро Ҷамшед Маъруфов, Мушкиниссо Хоҷаева ва Саиди Ҳайдар гирифтанд. Ба рӯзноманигор Фирӯз Баротов диплом барои рушди ВАО супорида шуд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабарнигорон -- Алишер Зарифӣ, Мирзонабӣ Холиқзод, Мавзуна Абдуллоева ва Шамсулло Фозиловро барои пайгирии пайвастаи мавзӯъҳои марбут ба шиканҷа ва беҷазоӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, ба расонаҳои дар ин самт фаъоли кишвар дипломҳо тақдим кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |