Мақомот дар бораи фирори маҳбусон: Машқ кардем
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд дар пасманзари хабарҳо дар бораи фирори маҳбусон аз зиндони шаҳри Хуҷанд изҳор доштанд, ки фирори шартии 5 маҳбус дар доираи тамриноти мақомот сурат гирифт.
Мўҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии Суғд дар суҳбат бо «Озодагон» гуфт, субҳи 3-уми май дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Суғд амалиёти «Ҳалқа» гузаронида шуд: «Дар ин амалиёт тамоми мақомоти қудратии шимоли кишвар иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории он дар ҳолати омодабош қарор доштани ҳайати шахсии мақомоти қудратӣ аст».
Манбаъ афзуд, ки дар даромадгоҳҳои шаҳри Хуҷанд блокпостҳо монда шуда, аз сўйи мақомоти қудратӣ маҳбусони фирории шартӣ дастгир гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |