“Сомон Эйр” соату рӯзҳои парвоз ба Маскавро эълон кард
Ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” эълон кард, ки шурӯъ аз 3 май, ҳавопаймоҳои ширкат ҳафтае 7 маротиба аз Тоҷикистон ба Маскав парвоз мекунанд.
Ба иттилои Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” парвозҳо дар хатсайри Душанбе–Маскав рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа, якшанбе ва хатсайри Хуҷанд-Маскав рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа амалӣ мешаванд: “Парвозҳо аз Душанбе ба Маскав соати 08:00, аз Маскав ба Душанбе соати 12:05, аз Хуҷанд ба Маскав соати 21:00 ва аз Маскав ба Хуҷанд соати 01:00 сурат мегиранд”.
Оғози дигарбораи парвозҳои “Сомон Эйр” ба Маскав дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик дар иваз барои парвозҳои ширкати “Ямал” ба Душанбею Хуҷанд иҷоза доданд. Андрей Дубров, намояндаи расмии ширкати “Ямал” ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки бар асоси санади имзошуда ин ширкат ҳафтае се маротиба ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод.
Баҳси ду кишвар бар сари парвози ҳавопаймоҳо аз ним соли пеш шурӯъ гардида, як замон ҳатто ба бунбаст мувоҷеҳ шуд. Ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамдигарро лағв карданд. Аммо ҳоло гуфта мешавад мушкил рафъ гардидааст.
Сарчашмаи “таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия ҳам ҳамин баҳси парвозҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд буд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди Русияро дар мавриди 7 парвози “Ямал” дар як ҳафта хилофи муқарарроти баробарӣ унвон кард. Ва чун ин масъала печида шуд, Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро манъ кард ва дар ҷавоб Тоҷикистон ҳушдор дод, ҷавоби ҳамсон мегардонад. Дар пайи “танишҳои ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия бештар шаҳрвандони оддӣ азият кашиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |