Як моҳи даъват: 75%-и нақша иҷро шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 75 дарсади нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар дод.
Тавре масъулони Вазорати дифоъ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар давоми як моҳи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва чаҳор навоҳии пойтахт пешқадаманд.
Ба иттилои манбаъ, натиҷаи даъват дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 70%, вилояти Суғд 80%, Хатлон 78%, ноҳияҳои тобеи марказ 66% ва чаҳор ноҳияи пойтахт 80%-ро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, дар ин муддат навоҳии Балҷувон, Носири Хусрав, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Мурғоб, Ишкошими ВМКБ, Шаҳристон, Гулистони Суғд ва Рашти навоҳии тобеи ҷумҳурӣ пурра аз иҷрои нақша баромадаанд. Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |