Ин маблағ аз тариқи Барномаи Ғизои СММ дар Тоҷикистон ба ниёзмандон расонда хоҳад шуд. Дар баёнияи дафтари душанбегии Барномаи Ғизои СММ омадааст: “Ин кӯмак замоне ирсол шуд, ки хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон бо афзоиши қимати маводи ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ин кӯмаки молӣ ба иҷрои тарҳҳои Барномаи Ғизои СММ барои таъмини иҷтимоӣ ва коҳиши таъсири афзоиши нархи маводи ғизоӣ мусоидат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ин кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат барои гузарондани моҳҳои сарди зимистон кӯмак мерасонад. Тибқи ин баёния, тарҳи “Ғизо барои мактабҳо” аз бузургтарин пружаҳои Барномаи ғизои СММ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва 370 ҳазор ё 67 дар сади шогирдони мадорис дар манотиқи рустоии кишварро фаро мегирад.Афзун бар ин, ин ниҳод ба 130 ҳазор нафар дар навоҳии аз ҳаводиси табиӣ осебдидаи вилоёти Суғд, Хатлон, Бадахшон ва водии Рашт ва ба 52 ҳазор нафар аз мубталоён ба бемории сил ва хонаводаи онҳо маводди ғизоӣ тавзеъ хоҳад кард.
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |