Душанбе мизбони нишасти 7-и вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ ва Ҷопон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 1 май дар ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар Ашқобод ширкат ва суханронӣ намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ Аслов зимни ин ҳамоиш истифодаи имконоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопонро барои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангию башарӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳоро зарур хонда, онро аз унсурҳои калидии ҳамгироии минтақавӣ ва омили сулҳу субот хондаст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба рӯзномаи Муколама ворид намудани масъалаҳои мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба рушди осоиштаи Афғонистонро мубрам арзёбӣ кард: “Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» Баёнияи муштаракро ба имзо карда, Харитаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистикаро қабул намуданд”.
Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018 раисикунандаи Vуколлама таъин гардид ва дар назар аст, ки нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Душанбе баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |