Насиҳати Шӯрои уламо ба “зӯр”-ҳои мактабҳо
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон амали наврасонеро, ки худро “зӯр”-и мактаб мегиранду ба озори дигарон даст мезананд, маҳкум кардааст.
Ин ниҳод дар пасманзари афзоиши муноқишаҳои байнимактабӣ ба суол, ки бо “зӯр”-ҳои мактабҳо чӣ гуна бархӯрд бояд кард, изҳор доштааст, ки “дар дини мубини Ислом озору азият расонидан ва зулму ситам кардан ба дигарон ҳаром аст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Паҳлавони ҳақиқӣ ҳамон касе аст, ки ғазаби худро фурӯ мебарад”.
Шӯро ба суоли корбари сомонааш, ки оё бо чунин афрод ҷанг кунем, изҳор доштааст, "Шуморо ба сабру таҳаммул ва диндорӣ тавсия мекунем, умед аст, ки он наврасоне, ки ба ин гуна корҳо даст мезананд, роҳи ростро ёфта, афроди солеҳ ва нек мешаванд. Худованд ба ҷавонону наврасони мо тавфиқ ва ҳидояти комил насиб гардонад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |