Трамп аз 100 рӯзи президентиаш тавсиф кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА 100 рӯзи аввали сари қудрат буданашро “муваффақтарин дар таърихи Амрико” унвон кардааст. Ӯ ин нуктаро 29 апрел дар ҳузури ҳаводоронаш дар Пенсилвания иброз доштааст.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии Fox News, Трапм гуфтааст, “ман мутмаинам, ки сад рӯзи аввали маъмурияти ман дар таърихи кишвари мо муваффақтарин буд”.
Дар ин мулоқот ҳам Доналд Трамп расонаҳои амрикоиро зери боди танқид гирифта, онҳоро дубора дар дуруғпароканӣ муттаҳам кардааст. Ӯ ба масоили муҳоҷират, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бунёди девор дар марз бо Мексика низ дахл кардааст: “Ба мо ин девор лозим аст”.
Доналд Трамп дар авҷи маъракаи интихоботиаш ба раъйдиҳандаҳои худ ваъда супурд дар марзи ИМА ва Мексика девор бунёд хоҳад кард. Ӯ идда карда буд, ки пули сохтмони деворро аз мақомоти Мексика мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |