Қочоқи мол аз сӯи намояндагони “Ирфон-Рустам” тариқи “Қулма” (АКС)
Хадамоти гумруки Тоҷикистон қочоқи молу маҳсулотро дар ҳаҷми махсусан зиёд аз Чин тариқи дидбонгоҳи “Кулма” аз сӯи намояндагони ширкати “Ирфон-Рустам” ошкор кардааст.
Тибқи иттилоияи Хадамоти гумрук намояндагони “Ирфон-Рустам”-Н.Н ва Ш.У аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мошинҳои “Долун” ва "Шакман"-и ядакдор зиёда аз 8 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардумро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд: “Онҳо бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) ва декларатсияи бори гумрукӣ як номгӯйи мол, яъне кафел бо вазни умумии 14 ҳазор килограмм ва масолеҳи сохтмонии кошинкорӣ (мазайка) ба миқдори 13 ҳазор килограммро нишон дода дар дидбонгоҳи гумрукии «Қулма» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ эъломияҳои бори гумрукии дар боло дарҷгардидаро тартиб додаанд ва аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи қочоқ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намуданд”.
Манбаъ афзуд, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мошинҳои ҳомили бори қочоқиро боздошт намуда, ба дидбонгоҳи гумрукии «Терминал» дар шаҳри Душанбе барои нигоҳдорӣ равон намуданд.
Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи Н. Н. ва Ш. У-ро 880 ҳазору 585 сомонӣ муайян карда, таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои барқасдонаи номбурдагон ба буҷети давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст: “Нисбати намояндагони ҶДММ «Ирфон - Рустам» Н.Н., Ш.У. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои гузаронидани тафтишоти пешакӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст”.
Кашфи қочоқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар марзи Тоҷикистону Чин мол бо арзиши садҳо миллион доллар ба истиллоҳ гум мешавад. Қаблан масуълини омори Чин ҳаҷми додугирифт бо Тоҷикистонро беш аз ду миллиард доллар арзёбӣ карданд, аммо мақомоти тоҷик ин нишондодро камтар аз як миллиард гуфта буданд.
Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки ба суоли “Озодагон” дар ин бора гуфт, ки воқеан “ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.
Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, маҳз дар пайи ҳамин гуна сохтакориҳо бархе кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад: “Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |