Ваъдаи омбудсмен барои кумак ба муҳоҷирзани тоҷик, ки 9 моҳ мешавад аз фарзандонаш ҷудо аст
Игор Морков, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Свердлови Русия гуфтааст, барои ба ҳам овардани Дилдорҷон Рашидова, як зани тоҷик бо фарзандонаш ёрӣ мерасонад.
Мақомоти Русия ин модари тоҷикро, ки бо се фарзандаш дар Екатеренбург кор ва зиндагӣ мекард, барои нақзи қавонини будубош барои се сол аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳрум сохтанд. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ хонум Рашидова 9 моҳ мешавад, дар як шаҳраки наздимарзии Қазоқистон қарор дорад ва барои пайвастан бо фарзандонаш талош мекунад.
Гуфта мешавад, ин зан соли 2004 баъди даргузашти шавҳараш бо ду писари хурдсолаш барои кор ба Екатеренбург меравад ва онҷо фарзанди сеюмаш -- Дилбарро, ки ҳоло дар синфи сеюм таҳсил мекунад, ба дунё меорад.
Расонаҳо менависанд, Дилдорҷон Рашидова дар як сохтмон кор мекард ва мисли муҳоҷирони дигар маҷбур буд, ҳар се моҳ як маротиба аз сарҳади Русия берун биравад. Аммо ин бор бо кор банд шуда, бо каме таъхир ин корро анҷом медиҳад, аммо мақомот ӯро аз ҳаққи вуруд маҳрум месозанд.
Хонум Рашидова дар пайи ин қазия ба доми қаллобон ҳам афтидааст. Ба ӯ ваъда медиҳанд, ки бо 70 ҳазор рубл мушкилашро ҳал месозанд, аммо баъди гирифтани маблағ ғайб мезананд: “Ин модар ҳоло ба Тоҷикистон ҳам баргашта наметавонад , зеро онҷо на хона дорад ва на наздиконаш мондаанд”.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Свердлови Русия гуфтааст, талош хоҳад кард, то хонум Рашидова дубора имкони бо фарзандонаш буданро пайдо бикунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |