АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд
Соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода, роҳбари ширкати “Роҳи тоҷик” таъмири 40 километр роҳҳои шаҳри Душанберо ба уҳда гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст, ки аз ҳисоби Неъматзода дар соли 2017 - 20 километр роҳ ва дар соли 2018 - 20 километри дигар бунёд гардад: “Аз ҷумла таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби ширкати "Роҳи тоҷик" амалӣ мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз, 28-уми апрел аз кӯчаҳои мазкур дидан намуда, бо рафти роҳсозӣ шинос шудаанд. Дар назар аст, ки роҳҳои мазкур то ҷашни Истиқлол ба истифода дода шаванд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегардад. Аз ҷумла роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Сино аз ҷониби Изатулло Давлатов, раҳбари ширкати «Элит-Строй-Сервис» навсозӣ мешаванд: “Дар маҷмӯъ аз тарафи ин соҳибкори маҳаллӣ наздики 15 километр роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир карда мешаванд”.
Инчунин Тоҳир Ҳукуматов, раҳбари «Заводи асфалту бетон» навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр ба дӯш гирифта, феълан амалӣ карда истодааст: “То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расида, дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соҳибкорони мазкур 15-уми феврали соли равон ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Душанбе омодагии худро барои бунёди роҳҳои пойтахт изҳор дошта буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |