Таронаи нави Ҷонибек бо забони укроинӣ: Ёде аз муҳаббати кӯдакӣ
Ҷонибек Муродов, яке аз хонандаҳои маъруфи попи тоҷик бо забони укроинӣ тарона иҷро кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои укроинӣ, ин тарона “Прощай” ном дошта ва матни он ба шоир Иван Франко таалуқ дорад. Клипи ин тарона дар Киев сабт хоҳад шуд.
Торнамои “liza.ua” менависад, Украина барои Ҷонибек бегона нест: “Ҳанӯз дар кӯдакӣ сароянда бо духтараки укроинӣ – Олесия, ки тобистон ба наздик хешовандонаш ба Осиёи Марказӣ омада буд, дӯстӣ дошт. Ҳамон вақт Ҷонибек ваъда дод, ки хонандаи маъруф мешавад. Бо гузашти чанд вақт иртибот бо духтар қатъ шуд, аммо ҳамеша мехост, ки дар бораи ватани ишқи аввали худ маълумот дошта бошад. Ҷонибек хонандаи ҳирфаӣ шуд ва барои дидани дӯсти кӯдакиаш ба Киев омад, аммо вай аллакай шавҳар карда буд. Олесия барои хотира ба Ҷонибек китоби гулчини ашъори шоирони Украинаро тақдитм намуд. Ҳамин китоб ӯро барои суруди нав таҳрик дод”.
Мусиқии таронаи нави Ҷонибекро Александр Яшин навишта ва клипи онро коргардони шинохтаи укроинӣ Владимир Якименко таҳия хоҳад кард.
Ҷонибек Муродов фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29 майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шурӯъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.
Вай чанд бор ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрикоро соҳиб шудааст. Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сол”, соли 2008 ғолиби озмуни “Ситораи сол” шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи “Беҳтарин клип”-ро соҳиб гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |