Бахшҳо

Ҳафтаномаи мустақили «Нигоҳ» имрӯз 5-сола шуд

Нашрияи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» имрӯз 5-сола мешавад.


Ин ҳафтанома бо ибтикори Саймиддин Дӯстов, сарвари созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» таъсис ёфта, журналисти таърихнигор Нуралӣ Давлат аз аввалин сардабирони нашрия маҳсуб мегардад. Маврид ба ёдоварист, ки ин ҳафтанома пас аз баста шудани се нашрияи мустақил -«Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» ба саҳнаи матуботи тоҷик ворид шуд.  «Нигоҳ» дар фазои матбуоти муосири Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро дошта, масоили марбут ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишварро ба баррасӣ мегирад.   

 

Бино ба қавли муассиси ҳафтанома, роҳи тайнамудаи «Нигоҳ» дар ин 5 сол барои ҳамеша тахту ҳамвор набуд, мушкилоти зиёде ҳам рӯёрӯи ҳайати эҷодӣ ва соҳибмулк ба миён меомад: «Дар панҷ сол фаъолияти ҳафтанома ду маротиба баста шуд,дафъаи ахир дар моҳи октябри соли 2010 «Нигоҳ» зери фишор болои чопхонаҳои кишвар аз чоп монд, вале бо фаъол шудани «Кумитаи 29-уми сентябр» ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ дубора вориди саҳнаи матбуоти миллӣ гардид».

Зимнан, ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз ҷониби муштариён яке аз нашрияҳои муваффақ ва серхонандаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад ва маводи онро аслан интеллектҳои кишвар мутолиа мекунанд.

PS: Ҳамқаламону ҳамкорони гиромӣ, кормандони нашрияи «Нигоҳ»! 5-солагиатон муборак! Бошад, ки кору эҷодатон ҳамеша «5» бошад!

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)