Коҳиши қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Бонкҳои Тоҷикистон қурби як долларро, ки аз ҳадди 9 сомонӣ гузашта буд, ахиран поин бурда, имрӯз, 27-уми апрел расман 8,81-8,83 сомонӣ муайян намудаанд.
Тибқи овезаҳои бонкҳои кишвар қурби рубл низ каме поин рафта, имрӯз дар саррофиҳо 0,1535-0,1550 сомонӣ арзиш дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро барои бозори байнибонкӣ 8.4776 сомонӣ, 1 евро = 9.2236 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1534 сомонӣ муайян намудааст.
Коҳиши қурби асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз ифтитоҳи 208 парвандаи маъмурию ҷиноӣ алайҳи долларҷаллобон иттилоъ дод. Ин ниҳод гуфт, шахсият ва макони 208 нафарро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шудаанд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.
Манбаъ афзуд, бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро нақз кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |