Бахшҳо

“Мову Шумо наметавонем Оҷонсии зидди фасодро аз фасодкорон наҷот диҳем...”

Сару садоҳо дар бораи боздошти даҳҳо корманди собиқ ва феълии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чанд рӯз аст, ки дар сархати хабарҳо қарор дорад. Ҳарчанд масъулини ин ниҳод бо далели сирри тафтишот расман ин боздоштҳоро шарҳ надодаанд, аммо бино ба хабарҳо миёни дастгиршудаҳо афроди баландмақом низ ҳастанд. Дар робита “Озодагон” ин ҳафта аз соҳибназарон пурсид, ки МАГАР ВАҚТИ ОН РАСИДААСТ, КИ ОҶОНСИИ ЗИДДИ ФАСОДРО АЗ ФАСОДКОРОН МУҲОФИЗАТ КУНЕМ?

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Мову шумо наметавонем Оҷонсии зидди фасодро аз фасодкорон наҷот диҳем, инро агар худи садрнишинонаш накунанд. Боздошти Холмуродов (Фирӯз Холмуродов, раҳбари собиқи раёсати тафтишотии Агентӣ – “Озодагон”) ин паём дошта метавонад, ки гуфтумони мардум дар бораи фасодзада будани ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ ҷо дорад ва пурсише, ки худи Рустами Эмомалӣ дар замони садрнишини ин ниҳод буданаш гузаронд ва хулосаи он ки мардум ба ин ниҳодҳо бовар надорад, ҳақиқати маҳз аст. Ҳоло дида мешавад, муфаттише, ки шахсиятеро ба фасодкорӣ муттаҳам мекард, маълум мешавад худ фасодкор будааст. Магар гумон мекунед Холмуродов дар ин роҳ танҳост? Садҳо ҳамроҳон дорад. Вале бадбахтӣ ҷойи дигар аст. Шонсҳои раҳоии Холмуродов ва ба зудӣ авф шуданаш бештар аз шонси як шахсест, ки бо ҷурми андак зиндонӣ шудааст. Холмуродовҳо ба даст меуфтанд, вале ҷазои сангин намебинанд ва беҷазо мондан худ омили созиш бо ҷинояту ҷинояткор аст. Ба ҳар ҳол боздошти Холмуродов паёме ба дигарон аст: Яъне, касе аз ин гуна боздоштҳо эмин нест. Зеро ҳамон шарикон ҳам шариконро мефурӯшанд.

Музаффари ИМОМДОД, фаъоли шабакаи “Фейсбук”
Беҳтар аст, агар тамоми фаъолияти Оҷонсии зидди фасодро қатъ кунанд, ин худаш барои аз байн бурдани фасод як пешравии калон хоҳад шуд.

Набӣ ЮСУПОВ, роҳбари ташкилоти “Медиа консалтинг”
Аз як тараф муҳим аст, ки корманди Оҷонсии зидди фасод бояд, одами пок бошад. Гуфти русҳо “кристально честный”. Аз тарафи дигар, ман бо рафти синну сол фаҳмида истодаам, ки одамони "кристально честный" яне 100% покиза дар дунё нестанд, чӣ расад ба Тоҷикистон. Бо вуҷуди ин, мо бояд кушиш кунем, ки на фақат дар сохтори Оҷонсии зидди фасод, балки дар ҳамаи сохторҳои ҳукумат шахсони қаллобу ҳаромкор набошанд.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия
Агар дар Тоҷикистон қонун ҳукмрон мебуд, чунин саволгузориву ҷавоб гуфтан ҷоиз буд. Дар вазъи кунунӣ чунин бозиҳои пасипардагӣ, ки гоҳе ба манфиати касе расонаӣ мешаванд, ҳеч тағйироте дар пай надорад. Дар ҷавоби қисмати дуюми саволатон гуфтаниам, ки вақти на танҳо Оҷонсии зидди фасод, балки тамоми сохторҳои ҳукуматро аз фасод тоза кардан хеле пеш расида буду ҳоло ҳаётан зарур аст.

Шодӣ САРАЕВ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Ҳоло ки амали бештари боздоштшудаҳоро гумонбар дар “қаллобӣ” ва "берун баромадан аз ваколатҳои хидматӣ" гуфтаанд, пас ин ҳушдорест, ки ҳар замон чунин "хидматчӣ" чандин нафаронро имкони паси панҷара бурдан дорад. Дигар ҷойи пушида нест, ки гӯем ин ниҳод худ олуда ба фасод шудааст, чунки боздошти онҳо инро тақвият мебахшад. Албатта, на танҳо ин ниҳод, балки дигар ниҳодҳо, хусусан ниҳодҳои ба истилоҳ қудратиро бояд аз ингуна нафарон пок кард.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, журналист
Бо таъсис додани Оҷонсии зидди фасод, ҳукумат фикр кард, ки пеши роҳи фасодкориро, ки дар тамоми соҳаҳо реша давондааст, мегирад. Мутаассифона, ин хел нашуд ва баръакс ин Оҷонсӣ ба фасодкори роҳи бештар кушод. Баъди таъсис додани ин ниҳод, аслан нафароне ба кор фаро гирфта шуданд, ки мутахассиси соҳа набуданд ва бо шиносбозӣ ба ин даргоҳ роҳ ёфтанд. Ҳамагон медонанд, ки қисми зиёди мансабдорон дар Тоҷикистон аз ваколатҳои хизматӣ сӯистифода мекунанд, аммо дар зарфи фаъолияти Оҷонсии зидди фасод ба ғайр аз дастгир кардани як омӯзгори бечора ё ягон духтури дигар бо пули ночиз кадом соҳибмансаби кишвар ба даст афтодааст? Худи ин амал аз чӣ далолат медихад? Вақте ки фасод соҳаҳои иқтисодиётро фалач намудаасту Оҷонсии зидди фасод ба дигар кор машғул, вақте мардум аз пора додан аз дари зоишгоҳ то боғчаву донишгоҳ ба дод омадаанд, вақте директорони мактаб бо намояндае ба синф медароянду мегӯянд, ки таълим дар мактаб бепул аст ва ҳар бор баъди рафтани намоянда пули таълимро баландтар мебардоранд, магар фаъолияти ин Оҷонси зарур аст? Вақте корманди Оҷонсӣ мутобиқи моддаҳои 247 ва 391 ба даст меафтад, хешутабори корманди Оҷонсӣ бо пора ба даст меафтад, ҳукумат ба чашми мардум чӣ гуна менигарад?


Мӯҳр
бе ном
Тамоми кишрхои чомеаи имрузаи Точикистон дар бахрхои фасод чавлон мезананд. Ташаккур ба кормандони КДАМ

Обуруи Чаноби Олиро, хешу табораш нею, балки, нафарони гирду атрофи онхо паст мекунанд. Зеро онхо бо Президент ягон пайвандие надоранду, танхо аз пушти хешовандони президент " каттаги" карда мегарданд.

То замоне, ки маош ба зиндагии шоиста басанда намекунад, зидди фасод мубориза бурдан як кори бехуда аст.Вакте, ки 1000сомон маош мегириву нисфи зиёдашро ба барку, обу, камхозу, андозу дигару дигар сарф мекуни, чигуна честно зиндаги хохи кард..Бовар кунед дустон бештари "бемори" дигар аст "анализу муолича" дигар аст...Вакте 9000сомони маошат шавад, ана баъд зидди ришва мубориза бурдан осон мешавад...

Мардум
Назари вокеьбинонаи рузноманигор Мавчуда С. Сад дар сад дуруст. Мутаассифона солхост ки аз богчаи бачагон сар карда тамоми сохторхои давлати огуштаи фасоданд. Махсусан сохаи маориф тандурусти ва аз хама бештар БДА. Модоме ки хама х йобону кучахо камераборон аст ба ГАИ зарурат нест.

мушохидакор
ба мошинхои назди макомоти коррупсия карордошта менигариву бо маоши мегирифтаи кормандони он мукоиса мекуни дар хайрат мемони. эхтимол ягон сирр ё мушкилкушо дошта бошанд?

дар хакикат аз хама макомоте ки ришва бисёр мегирад ин худ "очонсии зидди фасод" мебошад...зеро вахте ки инхо ягон одамро бо пора ба даст мекунанд он порагиранда хатман ба ин кормандон ришва пешниход мекунад барои пушонидани кораш ....дар байни мардум бисёр гапхо аст ки мегуян аз кормандони коррупция кормандони дигар макомотхо метарсан чунки корашон бисёр меафтад ба ин кормандон .....хуб мешуд ки якбор вазорати маориф тафтиш мекарданд хусусан донишгоххоро зеро ки фасод бисёр пеш рафтааст дар донишгоххо ....хонандагон дигар дарс намехонан чунки бахоро бо пул мехаран ,аз инхел хонандахо чиро интизор шудан мумкин ? Пешвои Миллат борхо таъкид мекунанд ки чавонон ояндаи миллатанд бояд ба чавонон таваччухи хосо зохир намуд хусусан дар раванди тахсилашон ....бовар кунед дигар бисёри хонандахо ба ояндахошон боварие надоран чунки онхо "тага" надоран ....вахте ки як чавон бахоро бо пул гирад хатман у давоми корро чунин мекунад ............


МУБОРИЗОН БАР ЗИДДИ ФАСОД ДАР ТОЧИКИСТОН ХУДАШОН ФАСОДКОР ХАСТАНД ВА БОЯД МУБОРИЗАРО БАР БОЛОИ ХУДАШОН ПУРЗУР КУНАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)