15 соли зиндон барои гусели 5 тоҷик ба Сурияю Ироқ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Ҳакимов Ҷ-ро дар ифротгароӣ ва равон намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияю Ироқ гунаҳкор дониста, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳакимов аз соли 2005 мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Руссия мерафтааст ва соли 2013 ҳангоми муҳоҷират бо бародару ҳамсояаш, ки дар Ироқ меҷангидаанд, тамос барқарор намудааст: “Ӯ ҳангоми суҳбат бо бародару ҳамсояаш ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористиро қабул карда, таклифҳо дар хусуси ёфтан ва фиристодани шаҳрвандон барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ розӣ шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, Ҳакимов тариқи даъват аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2016 шаҳрвандони Тоҷикистон Юсупов Б.Р., Қурбонов О.Ҳ., Шарипов Т.И., Қурбонов Р.Ҳ., Қурбонов Д.С.-ро ба созмони террористӣ ҷалб карда, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ гусел намудааст. Дафтари матбуоти додситонӣ мегӯяд, маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ даъваташ барои узвият дар “ДИИШ” давом дода, шаҳрвандон Ниёзов М.Қ, Каримов Ш. А., Қодиров Ш.Ҷ., Абдураҳимов И.Д. ва Хомушов Д.Ҳ.-ро барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб ва Ҷумҳурии Ироқ даъват намудааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии қазия охири моҳи марти соли равон Ҳакимовро барои 15 сол равонаи зиндон намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |