Бахшҳо

Зуҳуров: Коррупсионерҳо дер ё зуд ошкор мешаванд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” –ро қабул намуд.

Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироти нав хавфҳою омилҳои коррупсионӣ дар ниҳодҳои ҳукуматӣ таҳлил карда мешаванд ва ба ҳукумат пешниҳод мегарданд. Ба гуфтаи ӯ методологияи иҷроишу бартарафкунии омилҳоро ҳукумат муайян мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тағйироти мазкур истиқбол намуда, гуфт, муқаррароти нав барои таҳлили хавфу омилҳои коррупсионӣ роҳ мекушояд. Зуҳуров аз он интиқод намуд, ки имрӯз бархе аз муборизон бо коррупсия худашон даст ба фасод мезананд. Ӯ таъкид намуд, ки касе ба коррупсия даст мезанад, имрӯз ё фардо, дер ё зуд аёну ошкор мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба раиси Оҷонсии зидди фасод афзуд, имрӯз, сатҳи коррупсия дар баъзе кишварҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон баланд аст ва мою шумо бояд коре кунем, ки фаъолияти Агентӣ дар мубориза бо фасод беҳтар карда шавад.
Мӯҳр
Содик
Агар корупсионерон заррае робитаи хешутабори дошта бошанд дар ин солхои наздик ошкор намешаванд. Дар айни замон барои дуздон бунйоди ресторан муд шудааст.

Мо хама Рудакием ба чашмамон милк задаги, хеччиро нахохем дид икдом ки аз хукуматшуд шердил мешавем Бале бале мегуем Коррупсионер кист касе ба чох галтад? Дигарон тозаю озода ва насихатгари чомеа...то расидани табар

Ромиз
Оре, дер ё зуд дастгир мешаванд. Рафту нашуданд хам азояшонро аз Худованд хоханд гирифт ва азоби оноро фарзандонашон хоханд кашид. Лекин ин чавоб ва боиси тасалло буда наметавонад. Холи мардум ва давлатдори чи мешавад? Магар Давлати Сомониён. СССР - ро хамин фасод, ёру ошнобози, хешу таборчиги дар мачмуъ хиёнат бархам назад? Дастгир шуданашонро ку не, лекин худо заданашонро аник хама медонад. Агар пушт гушна гузашта бошад, руидаи хамон пушт сери нахохад дошт. Фасодзадаги аз фасодзодаги бармеояд. Фахмидани он ки мансабдор фасодкор аст ё не, мушкил нест. Худашон бо ахлу авлодашон мана мо гуфта гаштаанд. Ё фикр мекунед, ки бо хамин 6 - 7 нафар фасодкорон тамом шуданд? Фасод бояд як рукни моддаи хиёнат ба Ватан хисобида шавад."Камера" -и Худоро вайрон карда намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)