Бахшҳо

Мақоми дувуми қории тоҷик дар озмуни ҳофизони Қуръони Миср (ВИДЕО)

Айёмиддини Фахриддин, фарзанди як хонаводаи муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, дар 24-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Қоҳираи Миср мақоми дуввумро соҳиб шудааст.

Дафтари матбуоти Шӯрои уламои Русия мегӯяд, Айёмиддини Фахриддин ягона намояндаи Русия дар ин озмуни бонуфуз будааст. Торнамои расмии ин ниҳод дар идома менависад: “Мо Айёмиддинро барои ин дастовард табрик менамоем ва Худоро шукр мегӯем, ки ин хабар мусалмонони Русияро хурсанд намуд”.

Ба иттилои манбаъ, дар ин озмун намояндаҳои 40 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.

Айёмиддини Фахриддин аз 6 солагӣ ба ҳифзи Қуръони Карим оғоз карда, давоми 4 сол онро пурра аз бар намудааст. Ҳоло 15 сол дорад ва то имрӯз дар озмунҳои қориёни Қуръон дар Судон, Қувайт, Аморати муттаҳаидаи Араб иштирок намудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Шӯрои уламои Русия, маросими қадрдонии ҳофизони Қуръон моҳи Рамазон бо иштироки Абду Фаттоҳ Ас-Сисӣ, раисҷумҳури Миср доир мегардад.

Номи Айёмиддини Фахриддин, қории навраси тоҷик замоне расонаӣ шуд, ки навори имтиҳон ва санҷиши ӯ дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 4 миилион тамошобин пайдо кард. Ин навор бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст.

ОН НАВОР ИНҶОСТ:



Айёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад.
Мӯҳр
Падараш Хочи Курбонали аст.

Худованд умрта садсола бгардонад ))

Муслим
новобаста ба он ки у шахрванди Точикистон аст, имруз фахри тамоми мусалмонхои дунё шудааст. ин бо мехрубонии Худоварн далели равшан барои хак будани дини мубини Ислом аст. кироати ин кории мухтарами мо оромиши калби мо мусалмонон ва хори чашми яхуду насоро аст.

Баракаллох бародари азиз. Худо нигахбонат бошад.

Султоншох
Ин бори дигар исботи он аст,ки Худованд паёмбари исломро аз араб фиристод ва илми исломро ба точикон мисли Бухори, Имоми Аъзам, Салмони Форс, Муслим, ибни Моча ва гайраву хоказохо дод.
Ин додар вокеан ифтихори миллати точик аст! Худованд баракату тавфик ва саодати дуневу охиратро ба Шумо ва волидайнат насиб гардонад! Омин

Nabi farhor
Аҳсан қори ба шумо.
Худо тансиҳат ва хона обод бошед фахри миллати тоҷик ва мусалмонон и ҷаҳон .

Аҳмад
Млшоаллоҳ бародар мо мусалмонон тҷк бо шумо мефахрем Капр,

Амина евро
Чаро фарзандони хаминтари нестай

Бовар кунед бародарони азиз. Ман ончунон хурсанд шудам, ки тамоми умр ин кадар шоди накарда будам. Як писараки 15-солаи точик тамоми олами исломро бо хондани сурахои куръони карим ба вачх овардааст. Яъне мо точикон миллати кадимтарини руи замин метавонем бо хунару дониши волои худ чахонро муттаассир намоем. Фаркаш нест ин кудак аз кадом минтакаи Точикистон аст. Мухимаш у точик асту номи Точикистонро дар байни 40-кишвари исломии дунё баланд бардошт.
Имсол соли чавонон аст. Ана хамин хел чавонони мо бояд бо илму дониши худ рохро ба суи камолот кушоянд.
Ташаккур бори дигар ба ин чавоне ки худро курбони илм кардааст.

muhib
Салом ба хама хонандагон ман гуфтаниям, ки Аёмдинчон Худованд шуморо дар ин дунё ва дар охират нигахбон бошад. чи дастоварди бузурге ин ифтихори мост ва тамоми милати Точикистон сарбаланд боши хамеша.

Офарин! Обурӯи миллати тоҷикро баланд бардоштааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)