Бахшҳо

Раиси Оҷонсии зидди фасод боздошти кормандонашро "махфӣ" хонд

Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо корруписия Тоҷикистон аз шарҳи боздошти кормандони баландпояи ниҳоди тобеяш ба далели сирри тафтишот худдорӣ кард.

Султонзода, имрӯз, 26-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаи парлумон ба суоли хабарнигорон дар бораи боздошти тобеини баландпояаш гуфт, “ин ҳамааш махфӣ аст”.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз боздошти 17 корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳанд. Оҷонсии зидди фасод дар бораи ин боздоштҳо иттилои расмие нашр накардааст, аммо масъулини ин ниҳод ба расонаҳо дар мавриди чанд тан аз боздоштшудаҳо гуфтаанд, онҳо қаблан аз кор рафта буданд.

Миёни боздоштшудаҳо исми Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси агентӣ, Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калон ва Ҷамолиддин Муҳамадзода, сардори раёсати ташкилӣ-нозиротӣ ва Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши собиқи агентӣ ҳам гуфта мешавад: "Як корманди агентӣ - Умед Камолов - дар пайгард эълон шудааст".

“АП” менависад, Хайрзода замоне боздошт шуда, ки қасди гузаштани марзи Қирғизистонро доштааст. Аммо бино ба манобеи Радиои “Озодӣ” ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми парвоз ба Русия дастгир намудаанд.

Ба иттилои расида, боздоштшудаҳо аслан дар “қаллобӣ” муттаҳам мешаванд. Фарзияҳое низ ҳаст, ки силсилаи боздоштҳо ба ҷараёни бунёди бемористони "Истиқлол” рабт дорад. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе раиси собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе маъруф ба УКС Саидшариф Анваров ва яке аз шарикони ӯро барои дуздии пулҳои буҷа дар сохтмони ин бемористон ба 18 соли зиндон ва як нафари дигарро ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, муфаттишони агентӣ фаъолияти УКС дар замони бунёди беморхонаро санҷида, ба он баҳои мусбат додаанд.

Мавриди таъкид аст, ки исми бархе аз боздоштшудаҳо дар робита ба қазияи пурсарусадои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов расонаӣ шуда буд. Ба вижа, Фирӯз Холмуродзода, ки сардории гуруҳи тафтишотии ин қазияро бар уҳда дошт. Ҷамолиддин Муҳамадзода бошад, соли 2013 дар замони баррасии парвандаи ҷиноии Саидов сардори раёсати тафтишотии Агентии зидди фасод буд.
Мӯҳр
Мешидайда хамихелам. Хеч бовар надоштам.

Ватандуст
Ана мешудаст ку! Тоза кардан даркор ватана тоза!!!

Бозии сиеси сар шуд. Умедворем, ки натичаи хуб хохад дод. Агар худнишондихи набошад, иншоалло давлат таракки хохад кард...ва агар Хукумат нияти решакан кардани коррупсияро карда бошад, ин сигнали хуб аст...

Шахрванд
Ана ина корупсия мегуянд.Бечора муаллим,мурабби барои 10 ,20,сомон дар тамоми чой муаллим пул мегира кадом муаллими бечора мошинхои киматбахо дорад.мехнат мекунад,ки хамин 10,20,с.волидайн медихад ба фарзанди вай як чиз иловаги омузад.....хаминхел сохтмонхоро бисёртар омузанд ин ба фикрам як шохачааш аст.

ном
Ино пуштибони давлат не хоин будан. Ахсан кумитаи амният мо бо шумоем аз ифлосон ватанро тоза кунед.

Офарин ба кормандони КДАМ ЧТ

Кумитаи Амнияти милли бояд хаминхел корро нисбат ба кормандони коррупсия, прокуратура, милитсия кавитар гардонад, ба мисли оне,ки бархе бо ном муллохои зинокору шлангбозу авомфиребро дасгир карда буд.

Офарин Кумитаи давлатии амнияти миллӣ! Ана ҳамин тавр кор кардан лозим. Корҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳам лозим аст. Вале ин корҳоро бояд пештар мекардед. Лекин ҳозир ҳам дер нашудааст. Баъд ин муовини роҳбари Агентии зиддифасод Давлатбек Хайрзода собиқ корманд набуд. У корманди амалкунанда буд. Новобаста аз ин ҳам аҳсан.

А к
Шахрванд,
Дилат ба муаллимон месӯзад? 10-20 сомонӣ буд, акнун то 50-100 сомонӣ хест. Ин ба фикрам аз баландравии доллар аст. Барои дарсҳои иловагӣ мактабҳо аз волидон музди расмӣ мегиранд, гӯё ки қонунӣ. Ҳар мактаб ҳар хел. Ҳар моҳ аз 30 то 50 сомонӣ. Ин барои дарсҳои иловагӣ аст. Боқӣ ҳамаи пулситониҳо аз тарафи 3-4 зани чоплус барои муаллим, комилан ғайри қонунист. Ин гуна муаллими порахӯр ва директор ҳатман бояд ҷазо гирад.

Хабархони Озодагон
Нафаре бо имзои мустаори "Вакт" дар зери хабари Озодагон тахти сарлавхаи "Раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов мансаби нав гирифт" навишта буд: "Вакту соат нишон мета и одам чихелай" Инак, вакту соат исбот намуд!

нодон
Сулаймончон зик наша зато макомотат аз ифлосгарон пок шуд. Акнун поквичдона кор кардан лозим чунки чизе дар декаст кавлезда мебарояд У К харомтарин корманди ин ниход буд

КДАМ АХСАН БАР КОРМАНДОНАТ. МО БО ШУМО МЕфАХРЕМ

кдам ҷт бовар кунед яке аз пешсафони амният дар ҷаҳон мебошад офарин коро пеш бурдан гиред холо коратон зиед аст то охирин нафари пора хурро тоза кунед вкд маориф комиссариат ҳарбӣ агентӣ беморхона хукматхо саҳш андоз экология годснандарт дар ин с охторҳо ҳам ҳастанд

Дурандеш
Аслан вакте палатаи хисоб хаст, хеч зарурате ба мавчудияти агенти нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)