Созиш барои вуруди 2 ҳазор “таксӣ”-и нав аз Қазоқистон
"Холдинг Азия Групп Тоҷикистон" барои вуруди 2 ҳазор атомобил бо ширкати қазоқии "СарыаркаАвтоПром" созиш кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Қазоқистон маблағи шартнома 24 миллион долларро ташкил медиҳад: “Дар доираи созишнома ширкати қазоқӣ ба Тоҷикистон 1500 автомобили тамғаи Peugeot 301 ва 500 адад тамғаи JAC S3-ро ворид хоҳад кард”.
Манбаъ афзуд, ки дар назар аст, мошинҳои мазкур барои мусофирбарӣ дар Тоҷикистон равона шаванд. Расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, дар маросими имзои созишнома намояндаҳои ҳукумат, аз ҷумла Саидзода Қурбон, муовини шаҳрдори Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт низ ҳузур доштааст.
Дар назар аст, ки автомобилҳо барои навсозии парки таксиҳои Душанбе харидорӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |