Бахшҳо
25 апр 2017 13:48Хабарҳои ҷаҳон

“Россия сегодня” ҳамкориро бо Reuters қатъ мекунад

Гуруҳи расонаҳои давлатии “Россия сегодня”-и Русия бо хабаргузории Reuters қарордоди нави хариди гузоришҳои видеоиро имзо нахоҳад кард. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки хабаргузории Бритониё матлаберо дар бораи дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА нашр кард.

Ба огаҳии Reuters, ҷонибҳо дар бораи хариду фурӯши гузоришҳои видеоӣ қаблан ба созиш расида, қарор буд, он сар аз 1 май оғоз шавад. Хабаргузории бритониёии Reuters 21 апрел матлаберо нашр кард, ки бино бар он маркази тадқиқоти стратегии Русия нақшаи дахолатро дар интихоботи Амрико таҳия кардааст.

Ба гуфтаи манбаи Reuters, дар ин замина танҳо ду санад омода шуда буд, ки якеаш ташаккули симои мусбати номзади мавриди назари Кремл ва дувумӣ паҳни хабарҳои қонуншиканиро дар интихоботи президентии ИМА пешбинӣ мекард. Reuters мегӯяд, боло бурдани имиҷи номзади мавриди назар ба зиммаи гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня", телевизиони "Russia Today" ва хабаргузории Sputnik вогузор шуда буд.
Мӯҳр
Аз оне, ки қарордод имзо нашуд, ба зарари худи русҳост. Агентии хабаргузории Рейтерс (Reuters) яке аз нахустин хабаргузори ҷаҳон буда, собиқаи фаолияти бисёр дерина дорад. Вақте Рейтерс буд, русҳо чӣ будани агентии хабаргузориро намедонистанд. Ҳар се хабаргузории рус - Россия сегодня, Russia Today ва Sputnik дар чанд соли охир ба вуҷуд омадаанд. Ин агентиҳо карнайи Кремли рус буда, дар ду соли охир бо fake news (ахбори дуруғин) бадном шудаанд. Дар муқоиса, Рейтерс, BBC, AP ва Садои Амрико хусусианд ва асосан ахбори воқеӣ ва беғаразро пахш мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)