Трамп кӯмакҳо ба Тоҷикистонро 48% кам карданист
Доналд Трамп, президенти Амрико кумакҳоро ба Тоҷикистон тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID 47,6% кам карданист.
Дар ин бора “The Foreign Policy” бо нашри лоиҳаи буҷаи USAID барои соли 2018 хабар дода, афзудааст, ки коҳиши буҷаи кӯмак ба кишварҳои рӯ ба рушд бо дастури Доналд Трамп амалӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи лоиҳа дар соли 2018 кӯмак ба Украина 68,8%-аз $570 940 ба $177 880 кам карда мешавад: “Дар назар аст кӯмак ба Молдова тариқи USAID–47,4% кам ва ба Арманистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон - 100% пурра қатъ мешавад”.
Инчунин кумакҳои ИМА тариқи ин созмон метавонад ба Ветнам ва Куба ва чанд кишвари дигар пурра қатъ гардад.
Дар баробари ин пешниҳод шудааст, ки кумакҳо ба Ироқ аз 144,9% - ё $122 500 то $300 000 ва ба Сурия аз 50%, аз $100 000 то $150 000 зиёд карда шавад.
Қаблан Мик Мелвэни, раҳбари бахши молиявии Кохи Сафед гуфта буд, ки ИМА тасмим дорад ба таври назаррас кумаки молиро ба кишварҳои дигар коҳиш дода онро ба Вазорати дифои кишвараш равона месозанд.
Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) - як бахши Департаменти давлатӣ, ки масъули кумаки молӣ ба кишварҳои хориҷ аст, солона беш аз 50 миллиард доллар харҷ дорад. Ин пулҳо асосан ба дастгирии соҳаҳои савдо, кишоварзӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, кумаки фаврии башардӯстона, мусоидат ба ҳалли низоъ ва ҳимоят аз демократия дар кишварҳои камбизоат сарф мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |