Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи Ортиқов, муттаҳам дар ҳамлаи террористии Русия маълумоте нест
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, маълумот дар бораи Содиқ Ортиқов, як муттаҳам дар ҳамлаи метрои Санкт-Петербург дар ягон ниҳоди давлатӣ мавҷуд нест.
Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба манобеаш дар додситонӣ гуфтааст, ҳеч далеле дар бораи таваллуд, таҳсил ва кори Содиқов дар Душанберо пайдо накардаанд: “Содиқ Ортиқов дар ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ сабт нашудааст”.
Ин дар ҳолест, расонаҳо Содиқ Ортиқови 39-cоларо шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд.
ОРТИҚОВ: ТЕРРОРИСТ НЕ, ОШПАЗАМ, БАРОИ ХӮРОНДАНИ ОИЛААМ МУҲОҶИР ШУДАМ
Рӯзи гузашта Додгоҳи шаҳри Маскав ҳабси Ортиқовро қонунӣ хонд. Аммо Игор Язин, вакили дифои Ортиқов 24-уми апрел дар додгоҳ гуфтааст, зерҳимояаш бегуноҳ аст ва хостори озодияш шуд. Худи Ортиқов зимни мурофиа таъкид ба бегуноҳияш карда, афзудааст, силоҳе, ки ҳангоми кофтукоб аз хонааш пайдо кардаанд, ба ӯ тааллуқ надорад, зеро дар ин хона танҳо намезистааст: “Ҳар чизе, ки мепурсед, ман посух хоҳам дод. Ба Русия барои пул кор кардан омадам ва оилаамро мехӯронам. Чунин як кори бадро накардаам. Бо меҳнати ҳалол маблағ пайдо мекардам, ҳамеша ошпаз будам”.
Игор Разин гуфтааст, зерҳимояаш намедонад, ки чигуна яроқро аз зери бистари хобаш пайдо кардаанд.
Бо вуҷуди ин додгоҳи Маскав қарори суди ноҳияи Басманийро дар мавриди ҳабси Ортиқов бетағйир гузошт ва дар назар аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон то 3-юми июн дар ҳабси пешакӣ боқӣ монад.
Мақомоти Русия Ортиқовро ҳамроҳи Шоиста Каримова, шаҳрванди 46-солаи Узбакистон дар шаҳраки “Лесной Городок”-и назди Маскав 7 апрел боздошт намуда, аз ҷузвдони Каримова норинҷаки Ф-1, детонатор ва аз шаҳрванди Тоҷикистон таппончаи тамғаи Макаров дарёфт намудаанд.
Боздоштшудаҳо изҳор доштаанд, ки бо интиҳории Питер-Акбарҷон Ҷалилов ягон иртиботе надоранд ва таппончаю норинҷакро касе ҳадафмандона ба ҷузвдони онҳо гузоштааст.
Рӯзи 3 апрел дар пайи таркиш дар метрои Маскав ҳудуди 16 нафар ҷон дода, 45 тани дигар маҷруҳ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |