Балеринаи машҳур ба як оилаи муҳоҷири тоҷик сарпаноҳ додааст
Анастасия Волочкова, балеринаи машҳури Русия як оилаи муҳоҷири тоҷикро дар манзили худ сарпаноҳ додааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, Волочкова баъди он ки дар бораи мушкилоти ин хонавода огаҳ шудааст, онҳоро барои иқомати доимӣ ба хонааш даъват кардааст. Достони шиносоии балеринаи рус ва оилаи Рустаму Лолита соли гузашта оғоз меёбад: “Волочкова дар бораи мушкили ин оила, ки мисли садҳо муҳоҷири дигар барои кор омада, бе сарпаноҳ мондаанд, тасодуфан хабардор шудааст. Онҳо ҳатто барои иҷораи хона маблағ надоштанд. Лолита, ҳамсари Рустам дар ин вақт ҳомиладор буд”.
Балерина баъди шунидани саргузашти Рустам ва Лолита онҳоро ба хонаи худ даъват мекунад. Аз наздикони хонаводаи Анастасия гуфтаанд ӯ хело меҳрубон ва дилсӯзу хайрхоҳ аст, аммо сарпаноҳ додан ба як оилаи тоҷикро касе интизор надошт.
Ба иттилои сомонаи "sobesednik.ru", балерина ба ин оила ду ҳуҷра ва меҳмонхонаеро ихтисос додааст, ки онро ҳатто маскавиҳои таҳҷойӣ орзу мекунанд. Манбаъ мегӯяд, бо кумаки ҳунарманд, Лолита дар таваллудхона зери назорати табибони хуб таваллуд кард ва ҳоло бо шавҳар ва духтарчааш дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунанд: “Волочкова хурсанд аст, ки аз хонааш хандаи кӯдак баланд мешавад ва ҳама ҷиҳози лозимро барои ӯ дареғ намедорад. Рустам ва Лолитаро бошад, дар хонааш ба кор гирифтааст”.
Балерина оилаи Рустам ва Лолитаро қисме аз хонаводаи худ медонад ва ҳама идҳоро якҷо ҷашн мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |