Ҳакималӣ: Амакҳоям моро аз хонаи падарам пеш карданд (ВИДЕО)
Як сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, бародарони падараш манзили қонунии онҳоро соҳиб шудаанд. Ӯ аз мақомот ва раҳбарияти кишвар хоҳиш дорад ба ин қазия расидагӣ ва "ҳақро ба ҳақдор" расонанд. Ба гуфтаи Ҳакималӣ Ҳакимов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисор амакҳояш манзили падари марҳумашро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд. Муроҷиатҳояшон ба мақомот ҳанӯз натиҷае надодаст. Ӯ ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, соли 1989 баъди заминларза дар деҳаи Оқили боло ба падараш -- Улфатулло Ҳакимов дар деҳаи Узбакистон қитъаи замин ҷудо мешавад ва ӯ ҳамин манзили акнун баҳсиро бунёд мекунад. Ҳакималӣ мегӯяд, падараш дар Гвардияи миллӣ кор мекард ва соли 1993 дар давраи бесарусомониҳо кушта шуд: “Баъди ду соли марги падарам бибӣ ва амакҳоям модарамро аз хона пеш карданд ва ӯ шавҳар кард. Моро бибиям калон кард”. Ба гуфти ӯ, баъди вафоти падараш хона ба номи модараш мегузарад ва соли 2008 дар китоби ҷамоат худи ӯро раҳбари хоҷагӣ сабт мекунанд. Вай гуфт, вақте зиндагӣ мушкил шуд, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт: “Вақти дар Русия будани ман амакҳоям ба ҷамоат ва мақомоти шаҳри Ҳисор муроҷиат мекунанд, ки гӯиё хонаро худсарона ба номи худам кардаам”. VIDEO
Ҳакималӣ даъво дорад, ки амакҳояш бо сохтакорӣ ҳуҷҷат кардаанд, ки гӯиё қитъаи замин ба бобояш таалуқ дошт: “Дар асл он қитъаи замин моли падарам аст ва дар сертификати қонуние, ки ман дорам 0.8 га замин нишон дода шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои сохтаи амахҳоям онро 0.9 га гуфтаанд. Ин ҳама сол тамоми андози заминро ман пардохт мекардам, аммо ҳоло маро дар сохтакорӣ муттаҳам мекунанд”. Ба гуфтаи Ҳакималӣ Ҳакимов, амакҳояш баҳори соли гузашта ӯ ва бародарашро аз хона пеш кардаанд: “Танҳо як амакам Хайриддин Ҳакимов аз мо ҷонибдорӣ мекунад ва ҳоло бештар аз як сол аст ки дар хонаи ӯ зиндагӣ дорем”. Ин сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, барои ҳал шудани мушкилаш ба тамоми мақомот муроҷиат намуд, аммо ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст: “Ҳоло тавассути расона аз кулли мақомот ва раҳбарияти кишвар хоҳиш мекунам, ба мушкили ман расидагӣ кунанд ва хонаи падариамро ба ману бародарам баргардонанд”. Талоши хабарнигори мо барои тамос бо амакҳои Ҳакималӣ бенатиҷа буд. Шумораи телефони онҳо ё ҷавоб намедод ё нафари гӯширо бардошта мегуфт, шумораро ғалат рақамчинӣ кардаем. Дар сурати пайдо кардани назари онҳо, он дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31